Боғи Хайём: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
Сатри 6:
зарҳалӣ дорад. Аз назди дарвоза роҳрави зинакоришудаи мармарӣ муштариёнро ба теппае мебарад, ки аз қуллаи он манзараи комили боғ, ба мисли ҳавзу фаввораҳо, гулгаштҳо, чархофалаки бузурги 55-метрӣ, биноҳои сохташон афсонаӣ, майдони бузурги сангфарш бо курсиҳо барои ҳунарнамоии ҷавонон ба назар мерасад. Дар қисми шимолии он маҳаллаи Лучоб, бинои [[Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон]] ва дар ҷануби боғ оромгоҳи намояндагони илму фарҳанги [[Боғи Лучоб|Лучоб]] воқеъ аст.
 
Боғ аз моҳи майи соли 2012 дарҳои худро барои кӯдакону наврасони пойтахт кушодааст. Дар боғ атраксионҳои "Куҳпораи амрикоӣ, «Юпитер», «Виплеш», «Киштии роҳзан», «Хонаи ваҳм». Ба падару модарон шароити хубе муҳайё карда шудааст, то ин ки онҳо бо кӯдаконашон дар аттраксионҳои оилавӣ — «Чархофалаки мушоҳидавӣ», «Косачаҳо», «Трафик», «Қатораи руизаминӣ» ва автопоезди «Кирмак» якҷоя дам гиранд. Барои кӯдакони аз ҳама хурдсол бошад, ҳар гуна чархофалакҳои рангоранг, теппачаҳо, паровозаки шӯх ва батути пуфкардашуда, алвончаку майдончаҳо фаромӯшнашаванда хоҳад буд.<ref>[{{Cite web |url=http://bogi-poitakht.tj/index_tj.html |title=Боғи «Пойтахт»] |accessdate=2015-05-08 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20150810114347/http://bogi-poitakht.tj/index_tj.html |archivedate=2015-08-10 }}</ref>
 
Дар назди майдон барои заврақронии истироҳаткунандагон кӯле мавҷуд аст, ки мобайни он тарабхонае бо сабки меъмории қадими тоҷикӣ сохта шудааст; дар атрофи тарабхона фаввораҳо ва чароғҳои бузург гузоштаанд, ки шабонгоҳ бо ҷилои хеш манзараи ҷолиберо ва вуҷуд меоварад. Дар канори кӯл боғчаи кӯдакон воқеъ гардидааст, ки автодром дорад ва атрофи онро муҷассамаҳои афсонавие, ҳамчун «Пиразан ва себ», «Рӯбоҳ ва лаклак», «Фил», «Харгӯш ва саг», «Хар ва шутур» зиннат медиҳанд. Дар ин ҷо чархофалакҳои бузургу хурд, арғунчакҳо ва диг. бисоти бозӣ, инчунин майдонҳои теннису волейболу футбол барои наврасон сохта шудаанд. Чойхона ва тарабхона низ дар хидмати меҳмонони боғ мебошанд.