Зебо Аминзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эзоҳ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Rescuing 3 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
Сатри 9:
== Зиндагинома ==
Зебо Аминзода [[3 октябр]]и соли [[1948]] дар [[Хуҷанд|ш.Хуҷанд]] ба ҷаҳон омадааст. Духтари шоир ва танбӯрнавози чирадаст Муҳиддин Аминзода. Нозукиҳои рақсро аз модаркалонаш Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Кароматхон Зокирова ва модараш Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Ойдина Усмонова омӯхтааст.<ref name="ReferenceA">[[Ҷӯрахон Обидпур|Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 22. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2</ref>
Хатмкунандаи Омӯзишгоҳи хореографии Маскав (1962) (аз 9 солагӣ таҳсилашро оғоз намудааст) дар назди Театри Калони ИҶШС ва Мактаби олии рақсу хореографии Тошканд (1965) аст. Инчунин соли [[1980]] [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров]]ро хатм кардааст.<ref>[{{Cite web |url=http://www.tajinfo.ru/tema/1224252215/pindex.shtml |title=Зебо Амин-Заде: "Я не жалею ни о чём"] |accessdate=2016-08-24 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20090212074041/http://www.tajinfo.ru/tema/1224252215/pindex.shtml |archivedate=2009-02-12 }}</ref>
Солҳои [[1965]]—[[1978]] — ҳунарпешаи [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ|Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Пушкини шаҳри Ленинобод]] <ref>[http://dic.academic.ru/dic.nsf/es/4609/Амин Амин-заде Зебо Мухиддиновна]</ref>.
Роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли «Зебо»-и Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1978-1993), муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶТ (1993-1994), намояндаи Тоҷикистон дар ширкати радио – телевизионии «Мир» (1994-2003). Аз соли 2004 раҳбари ансамбли рақсии «Гулрез».
 
==Ансамбли давлатии рақсии «Зебо»==
Ӯ [[11 май]]и соли [[1979]] ансамбли давлатии рақсии «Зебо» назди [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (пештар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон) таъсис дода буд. Зебо Аминзода, ки дар он вақт вазифаи роҳбари ансамблро ба ӯҳда дошт, дар асоси озмун 25 нафар духтаронро интихоб намуда, баъдан 10 нафар духтарони зебою истеъдодноктарин ба ансамбл қабул шуданд. Солҳои [[1978]]—[[1993]] Зебо Аминзода — роҳбари бадеии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» назди [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (пештар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон<ref>[http://mmifs.tj/index.php/e-biblioteka/194-natsionalnye-artisty-baleta Национальные артисты балета]</ref>. Ӯ чунин рақсҳои дилчаспро ба саҳна ворид намудааст: «Ҷавонӣ», «Туёна», «Чӯпонӣ», «Занг», «Санам», «Боди сабо», «Дар чаман», «Муноҷот», «Вохӯрӣ» ва диг. Репертуари ансамбл аз рақсҳои халқии тоҷикӣ, афғонӣ, эронӣ, озарбойҷонӣ, русӣ, ҳиндӣ, уйғурӣ, ӯзбекӣ ва дигарҳо иборат буд. Ансамбли рақсии «Зебо» тайи якчанд сол на фақат дар [[Тоҷикистон]] балки дар ҳудуди собиқ [[ИҶШС]] ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Ансамбли мазкур ҷоизи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли [[1986]] роҳбари он унвони фахрии [[Ҳунарпешаи халқии ИҶШС]] касб намуд.<ref>[{{Cite web |url=http://gazeta.tj/dp/3958-tancevalnyj-ansambl-zebo-my-vo-vsex-okeanax-nozhki-obmochili.html |title=Танцевальный ансамбль «Зебо»: «Мы во всех океанах ножки обмочили»» Медиа-холдинг "Чархи Гардун"] |accessdate=2016-08-24 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20150225125648/http://gazeta.tj/dp/3958-tancevalnyj-ansambl-zebo-my-vo-vsex-okeanax-nozhki-obmochili.html |archivedate=2015-02-25 }}</ref>.
 
Солҳои [[1993]]—[[1996]] Зебо Аминзода — раиси Шӯрои координатсионии телерадиокомпанияи "Мир". Солҳои [[1996]]—[[2003]] — мушовири Раиси МТРК «Мир», Кумитаи иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии ИДМ (Межгосударственного экономического комитета Экономического союза [[СНГ]]) буд. Дар [[Маскав|ш. Москва]] истиқомат мекард.
 
[[Соли 2012]] Зебо Аминзода ба [[Тоҷикистон]] баргаштааст ва дар назди [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ]] дастаи рақсии кӯдаконаи "Зебо"-ро таъсис намудааст. Соли [[2014]] Зебо Аминзода боз барои таъсиси ансамбли рақсии «Зебо» ба [[Душанбе]] даъват карда шудааст. Ҳоло роҳбари бадеии ансамбли давлатии рақсии «Зебо»-и назди [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] мебошад.<ref>ЗЕБО АМИНЗОДА БА ДУШАНБЕ БАРГАШТ http://khovar.tj/culture/33595-zebo-aminzoda-ba-dushanbe-bargasht.html {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20140718091557/http://khovar.tj/culture/33595-zebo-aminzoda-ba-dushanbe-bargasht.html |date=2014-07-18 }}</ref> Ансамбли «Зебо» ҳоло машҳур шудааст. Зебо Аминзода [[Соли 2015]] бо якчанд раққосаҳои ансамбл ба [[Умон]] сафар карданд.
Зебо Аминзода аз зумраи саршиносони касбии тоҷик ба ҳисоб рафта, саҳмаш дар рушди санъати волои тоҷик беназир мебошад. Ӯ дар рақси миллии тоҷик таҳаввулоти бузург ворид сохт ва имрӯз даҳҳо шогирдонаш идомадиҳандаи кори ӯ мебошанд. Дар давоми 55-соли фаъолияти ҳунариаш Зебо Аминзода шогирдонашро ба устодии рақс расонидааст.<ref>{{Cite web|url=http://safina.tj/|title=«Базми Зебо» дар Театри опера ва балет|author=|website=safina.tj|date=|publisher=2018-12-18|lang=tg|accessdate=2018-12-21}}</ref>