Раҳмон Сафар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 2 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
Сатри 27:
 
== Зиндагинома==
Сафаров Раҳмон [[5 август]]и [[соли 1930]] дар деҳаи Шоҳраҷаби ноҳияи [[Балҷувон]] таваллуд ёфтааст. Соли 1948 Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, баъди ду сол Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро хатм карда, чанде муаллим будааст. Соли 1951 ба сафи [[Артиши Шуравӣ]] даъват шуд ва ҳаёти худро ба артиш бахшид. Соли 1955 омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри [[Ярославл]], соли 1962 курси дусолаи назди Академияи қушӯни Шӯравиро хатм кард. Бист сол дар системаи комиссариати ҳарбии ҷумҳурӣ кор кард ва соли 1978 ба истеъфо баромад. Дар ин бора менависад: {{аввали иқтибос}}“Ман ибтидо сарбозиро касб карда будам. Пас аз бисту шаш сол, дар синни 46-солагӣ мувофиқи талаби ҳукумати Тоҷикистон ва хоҳиши худам дар рутбаи майорӣ аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ба истеъфо баромадам ва ҷангноманависиро пеша кардам”.{{охири иқтибос|сарчашма=<ref name="kmt.tj">{{Cite web|url=http://www.kmt.tj/rakhmon-safar-rivoyatgari-sarnavishti-besh-az-30000-khamdiyoron|title=Раҳмон Сафар: Ривоятгари сарнавишти беш аз 30000 ҳамдиёрон|author=|website=www.kmt.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-06-08|archiveurl=https://web.archive.org/web/20190606174133/http://www.kmt.tj/rakhmon-safar-rivoyatgari-sarnavishti-besh-az-30000-khamdiyoron|archivedate=2019-06-06}}</ref> }}
 
Раҳмон Сафар соли 1965 шуъбаи ғоибонаи факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Душанберо хатм намуд. Пас аз хизмати ҳарбӣ солҳои 1978-79 дар Пажӯҳишгоҳи таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1979 корманди Бюрои тарғиботу ташвиқоти адабиёти бадеии [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] буд. Раҳмон Сафар 4 майи соли 2005 аз олам рахти сафар барбаст.<ref name="Раҳмон Сафар">{{Cite web|url=http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/navisandagon/252-ra-mon-safar|title=Раҳмон Сафар|author=|website=navisandagan.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-06-08}}</ref>