Саразм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Rescuing 1 sources and tagging 3 as dead.) #IABot (v2.0.8
Сатри 10:
 
== Номгузорӣ ==
Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст.<ref name="tajik-cities">{{cite web|url=http://www.sogdianapamir.tj/tajik-cities/sogd-region/penjikent.html<|title= tajik-cities|author= |date=|publisher=www.sogdianapamir.tj|accessdate=2020-01-26}}{{Пайванди мурда|date=August 2021 |bot=InternetArchiveBot |fix-attempted=yes }}</ref>.
Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги [[Осиёи Миёна]] — [[Зарафшон]], дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз шаҳри [[Панҷакент]] ва 45 км дуртар аз ш.[[Самарқанд]] ҷойгир аст.<ref name="tajik-cities"/>.
Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвинский Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад.
Сатри 19:
== Ҳафриёт ==
Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқиро нимаи дуюми солҳои 70 саромад. Бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм Рушан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд.
Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Ҳунари заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буданд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии [[Туркманистон]], шимоли [[Эрон]] ва [[Балуҷистон]]у [[Сиистон]] иртиботи фарҳангӣ доштанд. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки [[31 июл]]и [[соли 2010]] ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии [[ЮНЕСКО]] дохил шудааст.<ref name="www.unesco.tj">{{cite web|url=http://www.unesco.tj/tg/index/index/pageId/156/|title=Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО|author= |date=|publisher=www.unesco.tj|accessdate=2020-01-26}}{{Пайванди мурда|date=August 2021 |bot=InternetArchiveBot |fix-attempted=yes }}</ref>.
 
Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат Экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот мебаранд. Аз соли 1984 то соли 1997 экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А. И. Исҳоқов, М. Исоқова, А. Т. Пликова, У. Эшонқулов, А. Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г. Р. Каримова, Ш. Ф. Қурбонов (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва А. Т. Франкфорт, Р. Безенвол, Б. Лионли, Ҷ. Вилкос, М. Казанова, Сиброн Фобиан, Ҷан Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳи, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом доданд. Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 хандақи санҷишӣ ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад. Соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф. Колва, К. К. Ламберг-Карловский низ дар Саразм корҳои тадқиқотӣ гузаронидаанд.<ref>{{cite web|url=https://faraj.tj/sahifai-asosy/tarih/az-bozjofti-tabarcha-to-kashfi-sha-raki-su-dijon/|title=АЗ БОЗЁФТИ ТАБАРЧА ТО КАШФИ ШАҲРАКИ СУҒДИЁН|author= |date=|publisher=www.faraj.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
Сатри 81:
* {{cite web|url=http://sadoimardum.tj/i-tisod/i-timoiyot/sarazm-vatani-avvalin-mu-andisoni-osiyoi-miyona/|title=Саразм — ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна|author= |date=|publisher=www.sadoimardum.tj|accessdate=2020-01-26}}
; ба забони русӣ:
* [http://mirtv.ru/content/view/69171/51/ МТРК «Мир»: Городище Саразм в Таджикистане объявлено историко-археологическим заповедником]{{Пайванди мурда|date=August 2021 |bot=InternetArchiveBot |fix-attempted=yes }}
* [http://www.advantour.com/rus/tajikistan/penjikent/sarazm-settlement.htm Пенджикент — Поселение Саразм]
; ба забони инглисӣ:
* [http://tdc.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=9:2010-02-24-10-08-36&catid=8:2010-03-01-05-24-12&Itemid=26&lang=ru/ Site of the ancient settlement of Sarazm] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20200108005953/http://tdc.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=9%3A2010-02-24-10-08-36&catid=8%3A2010-03-01-05-24-12&Itemid=26&lang=ru%2F |date=2020-01-08 }}
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Саразм"