Сафар Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
Сатри 33:
Асарҳои таълифнамудаи ӯ, ба монанди «Тамаддун» (дар чор китоб, 2002-2005, дар ҳамкорӣ бо Темур Атахонов), «Аз таърихи китобдории тоҷик» (1998), «Фарҳангшиносӣ» (2002), «Китобшиносии Ирон ва Ислом» ва «Китобшиносии насри навини форси тоҷикӣ» (2007) ва дигар то кунун китоби саримизии ҳар фарди маърифатпарвару фарҳангии ҷомеа гаштаанд.
Рисолаҳои ӯ, ба монанди «Умури китобдорӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон» (1987), «Китобдории ҷаҳони саввуми Шарқ» (1989) ва «Дирӯз ва имрӯзи Ирон» (ба забони русӣ, 1994), барои омӯзиш ва таҳқиқи соҳаи китобдории ҳориҷа ба муҳаққиқон шароитҳо мусоид фароҳам оварданд.Бо таваҷҷуҳ ба ин дар натиҷаи ҳамкорӣ бо академикон Каримова И.Х. ва Шарифзода Ф. ва номзади илмҳои педагогӣ Булбулов ҷ. китоби "Педагогикаи ибтикорӣ" (542 с.) барои чоп омода гардад.
28 декабри соли 2013 рӯнамоии китоби профессор Сафар Сулаймонӣ «Педагогикаи фарҳанг» дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор гардид. Академикон [[Маҳмадулло Лутфуллоев]], [[Ирина Холовна Каримова]], [[Файзулло Шарифзода]], профессор [[Бибиҳафиза Маҷидова]] ва чанде донишмандон ва хабарнигорон дар ин маҷлис паҳлуҳои илмӣ ва аҳамияти ин китобро баррасӣ намуданд.<ref>[{{Cite web |url=http://www.aot.tj/en/index/index/pageId/418/ |title=Сафар Сулаймонӣ] |accessdate=2016-01-11 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20160116004804/http://aot.tj/en/index/index/pageId/418/ |archivedate=2016-01-16 }}</ref>
==Осор==
* Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ: Дарснома барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ /Муҳ. Б.С. Холов, М. Султонзода.- Душанбе:Амри илм, 1997.- 188 с.