Созмони ҳамкории Шанхай: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Rescuing 2 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
Сатри 29:
Шӯрои сарони давлатҳо (минбаъд - ШСД) мақоми олӣ дар СҲШ барои қабули қарорҳо ва дастурҳо оид ба масъалаҳои муҳими дохилию хориҷии Созмон ба ҳисоб меравад. Ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) (минбаъд - ШСҲ) барои муҳокимаи стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ, ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмараи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкориҳо, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (минбаъд - ШВКХ) барои баррасӣ ва маъқул донистани лоиҳаи рӯзнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи ШСД, пешкаш намудани пешниҳодот ба ШСД ва ШСҲ дар бораи такмил ва рушди ҳамкориҳои самтҳои гуногун дар чорчӯбаи СҲШ, инчунин беҳтаргардонии фаъолияти мақомоти СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои бастани ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи шартномавии дахлдор дар чорчӯбаи Созмон, баромад намудан бо изҳорот аз номи давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои байналхалқӣ, баррасии фаъолияти ҷории СҲШ, таъмини идоракунии умумӣ ва иҷрои қарорҳои мақомоти СҲШ ва баррасии дигар масъалаҳои дохилию ҳамкориҳои байналхалқии Созмон амал менамояд. Машварати роҳбарони вазорат ва/ё идораҳо вохӯрии роҳбарони парлумонҳо, котибони шӯроҳои амният, судҳои олӣ ва арбитражӣ, прокуратураҳои генералӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳавиро, ки барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дахлдор доир мегарданд, дар бар мегирад. Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ механизми идора ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷории Созмон ба ҳисоб рафта, инчунин барои омода намудани ҷаласаҳои ШСД, ШСҲ ва ШВКХ фаъолият менамояд. Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (минбаъд - СМЗТ) СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимоамалкунандаи Созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шуруъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканд қарор доранд. Дабири кулли СҲШ ва Директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо аз ҳисоби шаҳрвандон - шахсони муътабари давлатҳои аъзо мувофиқи алифбои русӣ ба муҳлати се сол таъйин мегарданд, ки шахси мансабдори байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.
 
Давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ – Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.<ref name="mfa.tj">[{{Cite web |url=http://mfa.tj/tj/munosibathoi-tojikiston-dar-doirai-sozmonhoi-baynalmilali-va-mintakavi/sozmoni-hamkorii-shankhay.html |title=Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай] |accessdate=2016-01-13 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20151017175510/http://mfa.tj/tj/munosibathoi-tojikiston-dar-doirai-sozmonhoi-baynalmilali-va-mintakavi/sozmoni-hamkorii-shankhay.html |archivedate=2015-10-17 }}</ref>
Соли [[2009]] ба давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ [[Шри-Ланка]] ва [[Белоруссия]] соли 2010 ҳамроҳ гардиданд.
 
Сатри 48:
 
Яке аз навовариҳо дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки дар худ 53 донишгоҳҳои маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шомил мебошанд.<ref name="mfa.tj"/>
Соли 2016 намояндаи Тоҷикистон [[Рашид Олимов]] ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шудааст. Тавофуқ дар бораи таъйини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони соли 2015 дар ш. [[Уфа]] ([[Русия]]) аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои СҲШ ҳосил шуда буд. Мансаби дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2007 ҷори шудааст. Намояндаи Тоҷикистон Р. Олимов чорумин дабири кулли СҲШ мебошад.<ref>{{cite web|url=http://tjk.rus4all.ru/city_msk/20150710/726015927.html|title= Новым генсеком ШОС стал представитель Таджикистана Рашид Олимов|author= |date=|publisher=tjk.rus4all.ru|accessdate=2018-10-12|archiveurl=https://web.archive.org/web/20150720045206/http://tjk.rus4all.ru/city_msk/20150710/726015927.html|archivedate=2015-07-20}}</ref>
 
Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки [[12 октябр]]и [[соли 2018]] дар шаҳри [[Душанбе]] доир гардид, даҳ қарори Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд.<ref>{{cite web|url=http://khovar.tj/2018/10/dar-alasai-sh-roi-saroni-ukumat-o-sarvaziron-i-davlat-oi-azoi-s-sh-da-aror-va-du-sanadi-navi-amkor-ba-imzo-rasidand/|title= Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ даҳ қарор ва ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд|author= |date=12 октябри 2018|publisher=khovar.tj|accessdate=2018-10-12}}</ref>. Дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин [[Ли Кетсян]], Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия [[Дмитрий Медведев]], Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон [[Абдулло Орипов]], Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон [[Сушма Свараҷ]], Вазири корҳои хориҷии Покистон [[Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ]], инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.