Бурҳонуддин Раббонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 50:
Бурҳонуддин Раббонӣ ба унвони Раиси ҷумҳури қонунӣ 22 декабри 2001 тайи маросими расмӣ ҳукуматро ба Идораи муваққат ба раҳбарии Ҳамид Карзай таҳвил дод. Ин як воқеаи истисноӣ дар таърихи муосири Афғонистон аст, ки қудрат ба таври оштиомез ба раҳбари интихобшудаи дигар таҳвил дода мешавад. Бо ин амалаш Бурҳонуддин Раббонӣ тавонист саҳифаи дурахшонеро дар таърихи Афғонистон бо номи худ рақам занад.
 
Баъд аз ин ҳам Бурҳонуддин Раббонӣ ба сифати чеҳраи меҳварӣ дар сиёсати Афғонистон боқӣ монд. Вақте масъалаи музокира бо толибон ва ташкили Шӯрои Олии Сулҳ ба вуҷуд омад, аз Бурҳонуддин Раббонӣ номзади арзандатаре барои раҳбарӣ ба ин Шӯро пайдо нашуд ва ногузир тавофуқ карданд. Ӯ бо вуҷуди норозигиҳои пайравони худ, ки фикр мекарданд бо дастаҳо ва тӯдаҳои ҷоҳил ва одамкуш набояд музокира шавад ва вақту замону пул бояд дар музокира бо одамкушҳо масраф нашавад, сентябри 2010 раёсати ин Шӯроро пазируфт, ки нишонгари хайрхоҳӣ, сулҳталабӣ, хирадгароӣ ва адолатҷӯии ин сиёсатмадори варзида ва мутаШаҳодатффакиримутаффакири бузург мебошад.
 
== Шаҳодат ==