Солеҳи Регистонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Сиёсатмадор}}
'''Солеҳи Регистонӣ''' ( [[Забони дарӣ|дарӣ]]: صالح محمد ریگستانی; Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ; августи 19 [[Август|августи]] соли [[1963]], деҳаи Порандаи вулусволии [[Бозорак]]и [[Панҷшер]], [[Афғонистон]]) — [[Сиёсатмадор|сиёсатмдор]] ва [[Нависанда|нависандаи]] [[Тоҷикон|тоҷик]], намояндаи мардуми Панҷшер дар давраи понздаҳуми [[Маҷлиси намояндагон Афғонистон]].
 
== Зиндагинома ==
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ мутаваллиди 1963 аз вулусволии Бозораки вилояти Панҷшери Афғонистон аст. Ӯ таҳсилоти худро дар риштаи улуми сиёсӣ дар мақтаи коршиносӣ (лисонс) аз Донишгоҳи Кобул ба итмом расондааст. Дар мавриди Регистонӣ мулаққаб шуданаш чунин менависад: “Регистонӣ аз он хотир номи хонаводагии ман аст, ки аҷдоди ман ба монанди ҳазорон тоҷике, ки дар пайи истилои бегонагон дар тӯли таърих дар даврони Темури Курагонӣ аз рустои [[Даҳбеди Самарқанд (шаҳрак)|Даҳбеди]] [[Самарқанд]] ба ҷануби [[Хуросон]], ҷое ки имрӯз Панҷшер номида мешавад, кӯч кардаанд ва чун маркази шаҳри Самарқанд Регистон ном дорад, аз он ҷиҳат ман Регистонӣ тахаллус кардаам”<ref name=":0">{{Cite web|url=https://sputnik-tj.com/20210910/sardori-muqovimat-bachae-samarqand-solehi-registoni-kist-1042175763.html|title=Сардори Муқовимат ва "бачае аз Самарқанд": Солеҳи Регистонӣ кист?|author=Sputnik Тоҷикистон|website=Sputnik Тоҷикистон|date=20210910T1250+0500|lang=tg|accessdate=2021-09-10}}</ref>
 
Регистонӣ дар соли 1979 ба неруҳои [[Аҳмадшоҳи Масъуд|Аҳмадшоҳ Масъуд]] пайваст[2] ва вориди ҷабҳаи ҷанг дар баробари неруҳои [[Шуравӣ|Шӯравӣ]] ва ҳукумати вақт шуд, ӯ дар он солҳо узвияти [[Шӯрои нуззоринуззор]]<nowiki/>и Ҳизб ҷамъияти исломиро касб кард.[1]
 
Дар авохири даҳаи 1990 ӯ вобаста низоми давлати устод [[Бурҳонуддин Раббонӣ|Раббонӣ]] дар шаҳри [[Душанбе]] буд. Соли 2004 ба Афғонистон баргашт ва дар интихоботи парлумонӣ баранда шуда, аз Панҷшер дар Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Афғонистон – намоянда буд. Аммо пас аз ду сол ӯ парлумонро тарк кард.
 
“Ман дидам, ки “ёрони қаблӣ” – ву “бузургон”-и мо, назири [[Қосим Фаҳим|Маршал Фаҳим,]] [[Абдуллоҳ Абдуллоҳ|Доктор Абдуллоҳ]], [[Юнус Қонунӣ]], [[Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ|Бисмиллоҳхон]] ва дигарон ба ормонҳои ҷиҳоду муқовимат хиёнат карданд. Онҳо аз роҳи Масъуд мунсариф шуданд. Даст ба ҷамъоварии молу сарват ва муомилаҳои хоинонае бо кишварҳои хориҷӣ заданд. Ман ба чашмони худ медидам, ки самараи ҷиҳоду муқовимат ва хуни шаҳидони мо зоеъ, мардуми фақиру умедвор фаромӯш шуданд, аз ин хотир, майдонро тарк кардам”.<ref name=":0" />
 
Ин кори Регистонӣ баъдтар чеҳраи бади худро нишон дод. Дар пайи таблиғоти “ёрони қаблӣ” ӯ дар интихоботи парлумонии соли 2012 дар Панҷшер камтарин ороро ба даст овард ва ба як гӯшанишини сиёсати Афғонистон табдил ёфт. Дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ Регистонӣ фиристодаи хоси Аҳмадшоҳи Масъуд дар [[Маскав]] ва пас аз суқути ин режим як давра узви парлумони Афғонистон буд.<ref>{{Cite web|url=https://ittiloot.com/tj/all/asos/18605-charo-suli-amriko-va-tolibon-ba-tahir-aftod-shari-sole-muammadi-registon.html|title=Чаро сулҳи Амрико ва Толибон ба таъхир афтод? Шарҳи Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ|website=Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»|lang=ru|accessdate=2021-09-10}}</ref> Соли 1992 муҷоҳидин [[Кобул|Кобулро]] гирифтанд. Регистонӣ дар ҷангҳои дохилӣ бо мухолифини ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ, ки вазири дифоъаш Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ҳамоно раёсати шуъбаи амалиёти Шӯрои наззорро ба зимма дошт<ref name=":0" />.
 
Дар интихоботи Маҷлиси Афғонистон (2005), ӯ намояндаи мунтахаби вилояти Панҷшер дар [[Луя Ҷирга|Ҷирга]] шуд ва то суқути ҳукумати Ҷумҳурии Афғонистон дар он хидмат кард.
 
Соли 2018 Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар [[Лондон]] таҳсил мекард, ба Афғонистон баргашт ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ шуруъ намуд. Ӯ дар Кобул Дафтари сиёсии худро боз намуда, Регистониро муовини худ гирифт. Моҳи августи соли 2020 мардуми Панҷшер, тамоми фармондеҳони бозмонда аз Масъуд ва насли ҷавони дара бо Масъуди хурдӣ аҳд карданд.
 
Дар пайи даргириҳои сиёсии Афғонистон (августи 2021) Регистонӣ яке аз чеҳраҳои асосии Ҷабҳаи муқовамати милли Афғонистон таҳти раёсати Аҳмад Масъуд писари Қаҳрамони милли Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд алайҳи [[Толибон]] қарор гирифт.
 
== Осор ==