Толиби Омулӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 30:
==Зиндагинома==
Толиби Омулӣ аз сухангустарони қарни ёдзаҳуми ҳиҷрист, ки дар диёри Ҳинд шуҳрати тамом ёфта, дар сафи аввалин шоирони аҳди худ қарор гирифта буд. Таваллудаш соли 989-и ҳиҷрӣ дар [[Омул]] иттифоқ афтодааст ва ҳамон ҷо ба таҳсили донишу адаб пардохта, дар айёми ҷавонӣ ба шеъргӯӣ оғоз мекунад. Ҳудуди соли 1010-и ҳиҷрӣ аз Омул ба [[Исфаҳон]] ва аз он ҷо ба [[Кошон]] сафар кардааст.
Шоир пас аз Кошон ба [[Машҳад]] ва аз он ҷо ба [[Марв]] ба хидмати Бектошхон меравад. Хокими мазкур Толибро бо эҳтиром қабул мекунад. Вале шоир ҳамвора дар дил орзуи ба [[Ҳиндустон]] рафтанро мепарварид. Ҳамин тавр баъди ду соли хидмати дарбори Бектошхон соли 1017 ҳ ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуда, пас аз саргардониҳои зиёд ба [[Қандаҳор]] меояд. Ҳокими Қандаҳор Мирзо Ғозихони Тархон, ки шахси илмдӯсту бомаърифат буд ва худ ҳам шеър менавишт, Толибро ба дарбори худ даъват мекунад. Шоир чанд қасидаи машҳури худро дар васфи ин ҳоким сурудааст. Баъд аз марги Мирзо Тархон соли 1021 Толиб ноилоҷ бори дувум ба Ҳинд сафар мекунад. Муддате дар дарбори ҳокими Гуҷарот хидмат намуда, сипас ба Агра ва аз он ҷо ба Лоҳур меояд. Дар Лоҳур ба суҳбати шоири машҳур [[Шопури Теҳронӣ]] мушарраф мегардад. Бо кӯмакикумаки ӯ ба дарбори Ҷаҳонгиршоҳ роҳ ёфта, соҳиби мақому манзалат шудааст. Соли 1028 ба Ҷаҳогиршоҳ мартабаи маликушшуароиро ба ӯ Толиб сазовор донистааст. Поёни умри шоир ба ранҷурию бекасӣ гузашта, вафоти ӯ ба соли 1035 ё 1036- и ҳиҷрӣ рост меояд.
==Мероси адабӣ==
Девони Толиби Омулиро тазкиранависон аз 9 ҳазор то 15 ҳазор байт нишон додаанд, вале нусхаи чопии он (Теҳрон, 1346), ки бо кӯшиши Тоҳирӣ Шаҳоб ба табъ расида, шомили 22968 байт аст. Девони шоирро қасида, таркиббанду тарҷеъбанд, маснавӣ , ғазал, рубоӣ ва муфрадот ташкил медиҳанд. Қасида ва таркиббанду тарҷеъбандҳояш дар ситоиши ҳокимон, шоҳ Ҷаҳонгир ва ба муносибатҳои гуногун навишта шудаанд. Се маснавии кӯтоҳ бо номҳои «Қазову қадар», «Сӯзу гудоз», «Ҷаҳонгирнома» эҷод намудааст. Бахши аслии девони шоирро ғазал ташкил медиҳад ва гузашта аз он 755 рубоӣ дар мавзӯъҳои гуногун сурудааст.
Сатри 61:
 
==Сарчашма==
1. Балёнӣ , Авҳадӣ Тақиуддин Муҳамад ибни Муҳаммад. Арафот-ул-ошиқин. Нусхаи хаттӣ .
2. Ғуломалихони Орзу. Хизонаи омира. Чопи Лакҳнав. с. 224.
3. Дуктур Сафо. Ганҷи сухан. Ҷ. 3, с.85-91.
Сатри 67:
5. Лутфалибеки озар. Оташкада. с. 870.
6. Тазкираи «Майхона». с. 545-570.
7. Толиби Омулӣ . Куллиёти ашъор.\Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Тоҳирӣ Шаҳоб. – Теҳрон, 1346.
 
[[Гурӯҳ:Шоирон аз рӯи алифбо]]