Абдуманнон Насриддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эҷодиёт: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 29:
|викианбор =
}}
'''Абдуманнон Насриддин''' — [[адабиётшинос]], доктори илмҳои филология (1990), [[профессор]] (1991). Аълочии маорифи ҶТ (1996), дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1997), Ҷоизаи Президенти ЧумхурииҶумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2006). Узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1996).
== Зиндагинома ==
Абдуманони Насриддин [[20 ноябр]]и соли [[1953]] дар [[Ҷамоати Ёва]]и [[ноҳияи Ғафуров|ноҳияи Хуҷанд]] ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар факултаи таъриху филологияи [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров]] таҳсил карда соли 1974 ба итмом расондааст. Аз ҳамон сол дар донишкада ба ҳайси муҳаррири рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ» (1975-1976), лаборант, ассистент (1978-1982), сармуаллим (1982-1983), дотсент (1983-1987) кор кардааст. Декани факултаи филологияи ДДОЛ (1987-1988), докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988-1990) будааст. Соли 1990 дар мавзӯи «Проблемаҳои маърифати бадеӣ ва шарҳу тафсири осори адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст, ки дар эроншиносии дунё зуҳуроти тоза ба ҳисоб меравад. Аз соли 1991 [[профессор]], аз соли 1992 то поёни умраш мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров]] будааст. Абдуманнон Насриддин 30 июли [[Соли 2011]] бо ҷаҳон падруд гуфт.<ref name="ReferenceA">Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 157-158 ISBN 978-99947-2-379-9</ref>