Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
х →‎Таърихи пажӯҳиши фарҳанг: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 14:
Мураттибони фарҳанги ҳозир ба сифати дастур ва раҳнамо дар қатори
фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ ва форсии гуногун аз маводи ҳамаи луғатҳои дузабонаи тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ, форсӣ ба русӣ ва русӣ ба форсӣ, [[Энсиклопедияи советии тоҷик]] дар ҳашт ҷилд, [[Энсиклопедияи адабиёт ва санъат]] дар се ҷилд ва дигар луғатномаҳои мӯътабармуътабар ҳамчун сарчашма васеъ истифода бурдаанд ва ба услуби нигориши онҳо пайравӣ намудаанд.
Дар таҳияи ин фарҳанг «Фарҳанги забони ҳозираи тоҷикӣ», ки бо баъзе сабабҳо дар охири солҳои 80-уми садаи XX рӯи чопро надид, ҳамчун асос ва манбаъ ба таври васеъ истифода гардид. Фарҳанги мазкур дар охири солҳои 60-уми садаи XX бо истифода аз маводи асосии чопшуда ва боқимондаи «[[Фарҳанги забони тоҷикӣ]]» (дар 2 ҷилд, соли 1969) ва маводи забони тоҷикии садаи XX оғоз шуда, ба таври ниҳоӣ соли 1980 анҷом ёфта ба чоп тавсия шуда буд. Дар таҳияи
ин фарҳанги чопнашуда Ходими шоистаи илми Тоҷикистон [[Раҳим Ҳошим]], номзади илми филология Ҳ. Рауфзода ва номзади илми филология А. Сангинов иштирок намуданд. Дар аснои таълифи ин фарҳанг ҳамон вақт кормандони собиқи шӯъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот номзадҳои илми филология А. Отахонова, М. Собирова, М. Юсуфова дар интихоби мисолу шоҳидҳо ба мураттибон ёрии бевоситаи худро расонидаанд. Солҳои 1996-2005 ҳарфҳои ҷилди аввал аз тарафи А. Сангинов такмилу ислоҳ шуда буд. Ин ҷилд аз тарафи узви вобастаи АИ ҶТ А. Маниёзов низ қисман таҳриру такмил ва ислоҳ шуд.<ref>Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 8-11 ISBN 978-99947-69-39-1</ref>