Михаил Андреев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
 
Сатри 6:
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 451941—1945) Андреев дар Тошканд умр ба сар бурда, осори меъмории мардумиро гирд овард. Аз соли 1943 Андреев ба гирдоварии мавод оид ба забон ва мардумшиносии минтақаҳои назди Помир, бахусус водии Хуф машғул шуд. Аз соли 1947 ба Сталинобод (Душанбе) омада, дар филиали тоҷикистонии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ СССР ба кор шурӯъ кард. Мардумшиносони машҳури тоҷик Н. Нурҷонов ва М. Раҳимов аз шогирдони ӯ мебошанд.
 
Андреев бештар аз 50 китобу мақолаҳои илмӣ таълифу нашр намуда, чандин дастнависҳои арзишмандаш дар бойгониҳо маҳфузанд. Дар байни осори боқигузоштаи Андреев «Материалҳо доир ба этнографияи қабилаҳои эронии Осиёи Миёна, Ишкошим ва Вахон», «Забони язгуломӣ», «Оид ба муносибатҳои оилавии тоҷикони қадим», монографияи дуҷилдаи «Тоҷикони водии Хуф» арзиши ниҳоят бузурги илмӣ доранд. Ҷилди аввали «Тоҷикони водии Хуф» соли 1953 ва ҷилди дуюмаш соли 1958 бо шарҳу эзоҳи А. К. Писарчик чоп шудааст.