Гранулометрия: Тафовут байни таҳрирҳо

саҳифаи маъноҳои Викимедиа
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Гранулометрия''' (аз лот. granulum — донача ва метрия) — таҳлили гранулометрӣ, таҳлили механикӣ, маҷмӯи усули аз рӯйи фоиз муайян кардани таркиби гранулометрии ҷинсҳои кӯҳӣ (гил, хок, рег, шағал, хоки регдор). Ҷинсҳои кӯҳиро дар натиҷаи таҳлили механикию гидравл...
 
(бе тафовут)

Нусхаи кунунӣ то 10:39, 22 сентябри 2021

Гранулометрия (аз лот. granulum — донача ва метрия) — таҳлили гранулометрӣ, таҳлили механикӣ, маҷмӯи усули аз рӯйи фоиз муайян кардани таркиби гранулометрии ҷинсҳои кӯҳӣ (гил, хок, рег, шағал, хоки регдор). Ҷинсҳои кӯҳиро дар натиҷаи таҳлили механикию гидравликӣ ба гурӯҳҳо ҷудо карда, таркибашонро аз рӯйи фоиз дақиқ менамоянд. Дар таҳлили механикӣ ҷинсҳои кӯҳии майдашударо аз элаку ғалбери махсус гузаронда, ба гурӯҳҳо тақсим мекунанд. Таҳлили гидравликӣ дар лаборатория (ташхисгоҳ) бо усули пайиҳам ба об андохта шуста гирифтани зарраҳои хурд анҷом меёбад. Бо ёрии гранулометрия зарраҳои ҷинсҳои кӯҳиро мувофиқи андозаашон ба фраксияҳои зерин ҷудо мекунанд: гил аз 0,005 мм хурдтар, гард аз 0,005 то 0,05 мм, рег аз 0,05 то 1 мм, сангреза аз 1 мм калонтар. Гранулометрия ғайр аз ин, пайдоиши ҷинсҳои кӯҳӣ, қобилияти аз худ гузаронидани обу нафт ва газ, инчунин хусусиятҳои дигари онҳоро меомӯзад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш