Муқаддас Набиева: Тафовут байни таҳрирҳо

Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8.2
х (ислоҳи вожаҳо using AWB)
(Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8.2)
 
== Эҷодиёт ==
Истеъдоди Худодод ва садои гуворою дилнишинаш, ки дар илми мусиқӣ онро сопранои лирикӣ мегӯянд, ба зудӣ ин духтараки резапайкарро шуҳратёр сохт ва овозаи Муқаддас аз Фархор то ба Душанбе расид. Соли 1973 нахустин озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон-1” баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди «Республикаи ман»-ро иҷро кард. (Он замон аллакай хоҳари калонии Муқаддас [[Сабоҳат Қосимова]] ҳаёти худро бо [[Фаррух Қосимов]] пайваста, ҳар ду дар санъати тоҷик шуҳратёр шуда буданд.) Роҳбарияти ансамбли эстрадии «Гулшан», ки сарвараш Орифшо Орифов буд, истеъдоди волои ин духтараки ҷавонро дида, ӯро ба ҳайси яккахон ба кор қабул намуданд.<ref name="2018-09-28">{{Cite web|url=http://tajikistantimes.com/tajikistan/asrori-marg-va-ish-i-pin-onii-mu-addas-nabieva/|title=Асрори марг ва ишқи пинҳонии Муқаддас Набиева|author=|website=tajikistantimes.com|date=|publisher=2018-09-28 |lang=tg|accessdate=2019-01-06|archiveurl=https://web.archive.org/web/20190202172837/http://tajikistantimes.com/tajikistan/asrori-marg-va-ish-i-pin-onii-mu-addas-nabieva/|archivedate=2019-02-02}}</ref>
Муқаддас Набиева соли 1974 ба [[дастаи эстрадии «Гулшан»]] пайваста, дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл инқилоб кард. Муқаддас дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд. «Кӯи ту» (шеъри Авҳадии Мароғаӣ), «''Хуршеди ҳаёт» (ғазали Ҳилолӣ), «Нури ман» (ғазали Мавлонои Румӣ) «Шарораи хотираҳо» (халқӣ), «Боди сабо» (Зебунисо), «Садои дил» (Аъзам Сидқӣ), «Ба ишқат интизорам» (Гулрухсор), «Дили зорам» (халқӣ), «Муҳаббат нест бе оташ» (Сайдалӣ Маъмур)'' ва даҳҳо таронаҳои дигари Муқаддас, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, то имрӯз куҳна нашуда, маҳбубият доранд. Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ ҳамчунин бо забонҳои русӣ (суруди «Надежда), арманӣ («Суруди ман»), туркӣ, қирғизӣ суруд хонда, дар саросари кишвари паҳновари Шӯравӣ шуҳратёр шуд. Дар ҳайати «Гулшан» Муқаддас соли 1975 ба [[Фаронса]], соли 1977 ба [[Полша]]ю [[Эстония]] ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ намуда, нисфи ҷаҳонро қоил кард.<ref name="2018-09-28"/>
 
7 057

edits