Абдурраҳмони Ҷомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 45:
 
== Мероси адабӣ ==
Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адаби мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50-соли хаётиҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ микдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷомӣ [[Камолуддин Биноӣ]] чунин мегӯяд:
 
::Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ,
Сатри 69:
::К-он бувад нақди умрфарсоӣ.
 
Қасида дар девонҳои шоир ҷои дуюмро мегирад, ки миқдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷомӣ ҳаҷман хурд буда, аз 8 то 15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзӯъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафӣ, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. Қасидаҳои «Луҷҷатуласрор», «Ҷилоуррух» ва «Рашхи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзӯъҳои боло суруда шуда, қимату арзиши зиёде доранд. Чунончи шоир дар қасидаи «Луҷҷатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ диққат дода, таъкид менамояд, ки чавононроҷавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбарг ё ниҳоли нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурди тарбия ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ, чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд:
 
::Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бе халал хоҳи амал,
Сатри 104:
 
== Сафарҳои Ҷомӣ ==
Абдураҳмони Ҷомӣ дар хаётиҳаёти худ 7 бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тӯлонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август оғоз ёфт. Ӯ шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домгон, Қазвин, Ҳамадон, Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохӯрд, сӯҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эҳтиром мекарданд. Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот бозмегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар Ҳирот гузашт. Ӯ ба эҷод кардани асарҳои илмиву адабӣ батамом машғул буд. Як дақиқа вақти худро бекор намегузаронд. Танҳо ба мактаби адабии Ҳирот роҳбарӣ карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод. Ҷомӣ дӯстони бисёр дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд меорост, сӯҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ [[Алишер Навоӣ]] буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасид. Абдураҳмони Ҷомӣ оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифлӣ ва хурдсолӣ вафот карданд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шӯру ғалаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣ ашки ғаму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. Ӯ дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст:
 
::Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар,