Абдурраҳмони Ҷомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 41:
Баъд аз ин ҳодиса Абдураҳмони Ҷомӣ дар синни 23-солагиаш ба [[Самарқанд]] меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди [[Қозизодаи Румӣ]] аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корҳои илмии Қозизода ёрӣ мерасонд. Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханҳояш муъҷаз ва бомаънӣ буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гӯш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад.
 
Абдураҳмони Ҷомӣ соли [[1453]] ба [[Ҳирот]] меояд. Ӯ аввал хост ба хизматихидмати дарбор равад, вале одати хушоматгӯӣ надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Қошғарӣ (ваф. 1456) шиносоӣ пайдо карда, ин фирқаро қабул мекунад.
Пас аз марги устоди рӯҳонии худ — Саъдиддини Қошғарӣ, Ҷомӣ роҳбари маслаки [[нақшбандия]]и [[Хуросон]] мешавад. Ӯ муридон (шогирдон)-и зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомӯзонд. Абдулғафури Лорӣ яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт. Абдураҳмони Ҷомӣ [[19 ноябр]]и соли [[1492]] дар [[Ҳирот]] аз олам чашм пӯшид. Дар ҳамин ҷо ба хок супорида шудааст.
 
Сатри 101:
Ҷомӣ дар ин ҷо ситоиши ахлоқи ҳамидаву накӯҳиши ахлоқи разиларо овардааст, зеро худи ӯ орифи баркамол аст
Дар «Роҷеъ ба Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ» оварда шудааст, ки «…вай лисонулғайб ва тарҷумонуласрор аст. Басо асрори ғайбия ва маънои ҳақиқа, ки дар кисвати сурат ва либоси маҷоз намуда, ҳарчанд маълум нест, ки вай дасти иродати шере гирифт ва дар тасаввуф ба яке аз ин тоифа нисбат дуруст карда, аммо суханони вай бар машраби ин тоифа воқеъ шудааст, ки ҳеҷ касро ин иттифоқ наяфтода. Яке аз азизони силсилаи хоҷагон фармудааст, ки ҳеҷ девон беҳ аз девони [[Ҳофизи Шерозӣ|Ҳофиз]] нест, агар марди суфӣ бошад ва чун ашъори вай аз он машҳуртар аст, ки ба эрод эҳтиёҷ дошта бошад, лоҷарам инони ҳилм аз он масруф мегардад».
Мавлоно Ҷомӣ, ки дар ирфон ва дар шарҳи маорифи суфия шӯҳратушуҳрату овозаи бисёр дошт, суфиёну фақеҳони [[Ҳирот]] ба вай ҳурмати беандоза доштанд..<ref>{{Cite web |url=http://www.omuzgor-news.tj/?p=5642 |title=Орифи замон/«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ |accessdate=2014-12-28 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20160305003514/http://www.omuzgor-news.tj/?p=5642 |archivedate=2016-03-05 }}</ref>
 
== Сафарҳои Ҷомӣ ==