Ҷалол Икромӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таҳқиқи эҷодиёти Икромӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Эҷодиёт: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 31:
Ҳикояҳои аввалинаш дар ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта навишта шудаанд. Дар ташаккули шахсӣ ва нигорандагии ӯ сахтгирӣ ва ғамхориҳои Устод [[Айнӣ]] нақши ҳалкунанда гузоштааст. Аввалин ҳикояи мунташираи ӯ «Шабе дар Регистони Бухоро» (1927) бо талқину раҳнамойии Устод Айнӣ навишта шудааст. Нахустин ҳикояҳои дигари ӯ дар давоми солҳои 1928-1930 нахустин қиссаи ӯ «Тирмор» дар давоми солҳои 1931-1934 дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп шудаанд. Китобҳои аввалини «Ҳаёт ва ғалаба» ва қиссаву ҳикояҳояш «Ду ҳафта» соли 1934 интишор ёфтаанд. Баъдан маҷмӯаҳои «Тирмор» (1936) ва «Аз Маскав чӣ овардӣ?!»-яш (1936) ба табъ расидаанд. Ҷалол Икромӣ аз оғози солҳои сӣ ба омӯзиши забони русӣ дода шуда, чанде аз намунаҳои ҳикоятҳои А. Чеховро ба форсии тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ҳамин айём буд, ки ӯ тарҷумаи қиссаи Ю. Либединский “Ҳафта” – ро ба поён расонд.
Романҳои «Шодӣ» (қ. 1-1940; қ. 2- 1949) ва «Ман гунаҳкорам» (1957), қиссаи «Тори анкабут» (1957) Ҷалол Икромӣ аз чоп баромада, ӯро дар қатори беҳтарин нависандагони тоҷик қарор додаанд. Баъдан романҳояш «Духтари оташ» (1962), «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»,(1965) ва «Тахти вожгун» (1974), ки трилогияи маъруфи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-ро ташкил додаанд, дар Душанбе, Маскав, Теҳрон, Порис, Прага, Берлин ва дигар мамлакатҳо борҳо мунташир гаштаанд ва заминаи филмҳои бадеӣ қарор гирифтаанд.
Соли 1974 (дар ҳамқаламии Ҳабибулло Назаров) романи ҳаҷвии «Саргузашти Сафармахсум», соли 1980 «Сафармахсум дар Бухоро»-ро таълиф кардааст, ки ба чандин забон нашру тарҷума шуда, шӯҳратишуҳрати муаллифро ба маротиб афзудаанд.
Романи «Зоғҳои бадмур»-и ӯ соли 1979 дар Душанбе, соли 1979 дар Маскав (ба забони русӣ) чоп шудааст.
Романҳои «Хатлон»-у «Гули бодом аз Конибодом» дар солҳои охири ҳаёти нависанда ба қалам омада, дар онҳо симои ҳамзамонони бунёдкору ҳунарварамон ба риштаи тасвир кашида шудаанд.