Аттори Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Зиндагинома: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 7:
 
== Зиндагинома ==
Номаш Муҳаммад, бо тахаллуcҳои «Аттор» ва «Фарид» шеър мегуфт. Падараш Абубакр ибни Иброҳим ва гузаш­тагонаш асосан бо атторӣ (дорусозию доруфурӯшӣ) ва табибӣ умр ба сар бурдаанд ва Аттор тахаллус карданаш низ аз ҳамин ҷост. Падари Аттор умри дароз дида, зоҳиран то он замон, ки шоир «Асрорнома»-ро ба назм медаровард, дар қайди ҳаёт будааст. Модари Аттор зани порсо, покдил, босавод, аҳли маънӣ буд ва гӯё парвариши рӯҳонии ӯ писарашро «Аттор» кардааст. Аттор аз кӯдакӣ дар назди волидайн, бахусус модари хушхаттусаводаш, ба таълиму донишомӯзӣ пардохта, дар баробари аз улуму фунуни адабӣ, ҳикмату калом, нуҷум, тиб, дорушиносӣ, улуми динӣ, монанди тафсир, ривоёту аҳодис, фиқҳ ва ғайра суди комил бардоштан, пайваста ба доруфурӯшӣ ва табибӣ машғул гардидааст. Сарфу наҳви арабиро хуб медонист, бо Қуръон, адабиёти араб ва назарияи адабиёт, илми шеър ошноии комил дошт. Талабот ба табибӣ ва доруфурӯшӣ ва шӯҳратишуҳрати касб волидайни Атторро ба шаҳри Нишопур меоварад. Падараш дар шаҳр маркази ташхиси беморон ва чандин дукони доруфурӯшӣ мекушояд. Зоҳиран Аттор дар маркази ташхис фаъолият доштааст, ки дар «Хусравнома» мегӯяд:
{{иқтибоси академикӣ
|<poem>
Сатри 72:
</poem>
}}
Дар қасидасароӣ бештар Саноӣ ва Хоқониро пайравӣ кардааст. Аз 873 ғазали интихобии Тафаззулӣ 23 ғазал бе тахаллус, 114 ғазал бо тахаллуси «Фарид» ва 736 ғазал бо тахаллуси «Аттор» эҷод шудаанд. Ғазалҳои Аттор аз 3 то 24 байтанд. Аз ин маҷмӯъ 175 ғазал бе радиф ва боқӣ бо радифанд. Бештари ғазалҳои Аттор дар вазни кӯтоҳи мусаддас ва андаки онҳо дар вазни мусамман навишта шудаанд. Аттор дар офаридани ғазал сабку тарзи баёни худро дорад, ки минбаъд ҳамчун мактаби адабии адабиёти форс-тоҷик шӯҳратшуҳрат ёфтааст. Ғазалиёти А.-ро аз рӯйи мавзӯъву мун­дариҷа метавон ба содаву маъмулии тасвири олами ҳас­тӣ, ирфону тасаввуф ва қаландария тақсим намуд, ки мағз андар мағзашонро андешаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ, масоили баҳсталаби ирфонӣ, шӯру шаафи ишқи осмонӣ, васфи маъшуқи хаёлии нодиданӣ ва ноёфтанӣ, орзуву висоли Ҳақ, дарки вуҷуди мутлақ, ишқи ёру ҳиҷрони дилдор, ваҳ­дату баҳамоӣ ва ғайра фаро гирифтаанд. Мазмуни ғаза­лиёти Аттор гуногун буда, сиришти онҳо пурҷӯшу хурӯш, пурталотум ва пур аз аҳволу дарёфтҳои ирфонист.
{{иқтибоси академикӣ
|<poem>