Робинзон Крузо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 3 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
х →‎Дар бораи ин асар: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 48:
 
== Дар бораи ин асар ==
Ин асар зиёда аз дусад сол муқаддам навишта шудааст. Агарчӣ [[Даниэл Дефо|Дефо]] асарҳои бисёре навишта бошад ҳам, ҳеҷ кадомаш ба мисли асари “Робинзон” муваффақият пайдо накардааст. Магар кам китобҳое буданд, ки аввал дар ҷаҳон муваффақияти бузурге пайдо карда, баъд зуд шӯҳратишуҳрати худро гум карда, аз тарафи хонандагон фаромӯш шуданд. Аммо китоби “Робинзон” ҳанӯз ҳам дар авҷи шӯҳратишуҳрати худ мебошад. Онро набераҳо ҳам бо ҳамон шавқу ҳаяҷоне мехонанд, ки бобо ва бобокалонҳояшон хонда буданд.
 
Шавқангези махсуси Робинзон дар меҳнатдӯстӣ ва ҷидду ҷаҳди бепоёни ӯст. Агар ба ҷои ӯ каси дигаре ба чунин шароити хатарноке меафтид, то ҷойе нобуд мешуд. Агар Робинзон лаҳзае аз мубориза ба муқобили қувваҳои мудҳиши табиат боз меистод, ҷазираи беодаме, ки тӯфон ӯро ба он ҷо партофта буд ба комаш фурӯ мебурд. Лекин Робинзон, ки меҳнатдӯст ва бо ирода буд, ҳамаи монеаҳоро бартараф карда, ниҳоят ба муроду мақсад расид. Ӯ корҳои мушкилеро ба ҷо овард. Хоҳ ӯ қалъаи машҳури худро созад, хоҳ ба гирди он ҳисори чӯбин кашад ва хоҳ даруни ғӯлаи калонеро кофта заврақ созад, ва тамоми қувваи худро ба ин кор медиҳад ва бо чунон шавқи бепоёне ба кор ҷалб мегардад, ки кори ӯ хонандаро ҳам ба завқу ҳавас меоварад. Кас дар ҳайрат мемонад, ки ӯ чӣ гуна аз лой хурма ва тубак сохта, аз чӯб ӯғурча кофта ва чӣ гуна ба заврақаш бодбон дӯхтааст. Аз кардани кадом коре, ки ӯ дар ин китоб нақл кунад, суханашро чунон ҳам шавқангез менигорад, ки гӯё худи мо шахсан дар он кор иштирок дошта бошем.