Шабнами Сурайё: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Ҳунарнамоӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 34:
 
== Ҳунарнамоӣ ==
Шабнамро машҳуртарин овозхони тоҷик медонанд, ки шӯҳраташшуҳраташ аз марзҳои Тоҷикистон гузашта ва ҳунараш дар [[Осиёи Миёна]], [[Эрон]]у [[Афғонистон]] дӯстдорони бисёре дорад. Шабнам сурудҳои тоҷикӣ, русӣ, афғонӣ ва форсиро бо мусиқиҳои замонавӣ тобиш дода месарояд, ки ҳаводоронаш аз ин ру меафзоянд. Вай сурудҳои [[Сурайё Қосимова]], [[Фарҳоди Дарё]], [[Лайло Фуруҳар]] ва [[Аҳмад Зоҳир]]ро низ бозхонӣ кардааст. Шабнам соли 2004 бо суруди "Ман садқаи ту"дар саҳнаи мусиқии Тоҷикистон зуҳур кард<ref>[http://www.ozodi.org/content/article/2067673.html Шабнам: «Ман зани хушбахтам»]</ref>, аммо замоне номдор шуд, ки яке аз сурудҳояш «Аз қудуми сафар» дар соли [[2006]] ''беҳтарин суруди Тоҷикистон'' шинохта шуд<ref>[https://archive.is/20120719134154/www.bbc.co.uk/persian/tajikistan/story/2007/02/070212_rm-taj_singer_picture1.shtml Гузориши Би-би-си]</ref>.
 
Шабнам дар солҳои [[2008]]—[[2009]] бо ибтикори ширкатҳои хориҷӣ панҷ консерт дар [[Аврупо]] ([[Мюнхен]], [[Лондон]], [[Берлин]], [[Дюселдорф]]), се консерт дар [[Канада]] ([[Монреал]], [[Ванкувер]], [[Торонто]]) ва 10 консерт дар [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико]] ([[Ню-Йорк]], [[Лос Анҷелес]], [[Сан Франсиско]]) баргузор кардааст. Дар соли 2014 сазовори ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи кишварҳои форсизабон, дар озмуни мусиқии «Big Apple Award», дар шаҳри Ню Йорк гардид. Соли 2017 дар озмуни мусиқии «Daf BAMA Music Awards 2017» ки дар шаҳри [[Ҳамбург]]и [[Олмон]] баргузор шуд, Шабнам иштирок кард ва соҳиби ҷоиза шуд. То ба кунун албомҳои зиёдаш рӯи нашрро дидааст. Шабнам бо бархе аз овозхонони тоҷик, аз ҷумла [[Ҷонибек Муродов]], [[Садриддин Наҷмиддин]], [[Баҳром Ғафурӣ]], шодравон [[Сӯҳроб Сафарзод]], [[Парвина Шукруллоева]] ва дигарон ҳамкорӣ мекунад. Шабнам дар [[Эрон]], [[Афғонистон]] ва [[Ӯзбакистон]] низ дӯстдорони бисёре дорад, аз он хотир, ки бархе аз сурудҳои маъруфи эрониву афғониро, аз ҷумла «Ёри сабзина», «То туро дидам», «Аз қудуми сафар» (аз [[Амирҷон Сабурӣ]]) ва «Шишта бошам» (аз [[Фарҳоди Дарё]]) бозхонӣ карда бо овозхонони тоҷики афғонистонӣ [[Ҷовид Шариф]] ва [[Наҷиб Навобӣ]] ва эронии амрикоӣ [[Лайло Фуруҳар]], бо сарояндаи ӯзбек [[Юлдуз Усмонова]] сурудҳои дуовоза иҷро кардааст. Соли 2007 [[Созмони Милали Муттаҳид|Созмони Миллали Муттаҳид]] Шабнами Сурайёро Сафири ихтиёрии СММ аз ҷониби Тоҷикистон таъйин намуд, то ки барои рушди барномаи СММ доир ба мубориза зидди бемории норасоии масъунияти бадан [[СПИД|БНМБ]] мусоидат намояд.