Фисоғурис: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Фаъолияти илмӣ: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 10:
Математик ва файласуфи оянда аз хурди ба илмомӯзӣ беҳад ҳарис буд. Аз омӯзгори нахустинаш Гермодамас асосҳои мусиқӣ ва рассоиӣ омӯхт. Муаллим барои сайқал ёфтани хотира шогирдонашро маҷбур мекард, ки пораҳои достонҳои «[[Илиада]]» ва «[[Одиссея]]»-ро аз ёд намоянд. Гермодамас дар қалби Пифагори наврас меҳр ба табиат ва сирру асрори онро ҷойгузин сохт.
Пас аз чанд сол ӯ бо маслиҳати устодаш баҳри идомаи таҳсил рӯ ба Миср овард. Аммо то [[Миср]] роҳ хеле душвору тӯлонӣ буд. Баъди тарки ҷазираи Самое дар ҷазираи Леебое, дар хонаи Зоил ном хешаш ҳаёт ба cap мебарад. Дар ин ҷо шиносоии Пифагор бо [[Ферекид]], файласуф, дӯсти [[Фалеси Милетӣ]], ба вуқӯъ мепайвандад. Пифагор аз Ферекид илми астрология, пешгӯии гирифтани моҳу офтоб, асрори ададҳо, тиб ва ғайраро меомӯзад.
Сипае маърӯзаҳои Фалес ва шогирди ҷавону болаёқати ӯ Анаксимандр, ҷуғрофидон ва астрономи мумтозро дар Милет мешунавад. Аз ин мактаб сабақи бузурге мегирад ва бо тавсияи Фалес баҳри пажӯҳиши минбаъда ба роҳи Миср мебарояд. Дар Финикия аз коҳинон низ таълим мегирад. Дар Миср ба шарофати ҳимояи Амазис ӯ бо коҳинони мемфией ошно шуд. Бо ёрии онҳо ба маъбадҳои миерй, ки барои ғайр дастнорас буданд, роҳ ёфт. Барои асрори маъбадҳоро омӯхтан ба тариқати коҳинон мегаравад. Пажӯҳиши муттасил ӯро ба олими забардасти замон мубаддал месозад. Дар [[Миср]] Пифагор ба [[форс]]ҳо асир меафтад. Ровиёни ахбор иттилоъ додаанд, ки ҳангоми асирӣ дар Вавилон Пифагор бо муғони форс вохӯрда, сирри ситорашиноей ва тасаввуф дарёфт, бо таълимоти донишмандони халдейй ошно гашт. Илми нуҷум, ситорашиносӣ, тиб ва арифметикаи халқҳои шарқро аз олимони Халдей омӯхт. Дувоздаҳ сол асир буд Пифагор, то даме, ки шоҳи форс Дорои Гуштосп овозаи шӯҳраташшуҳраташ нашуниду озодаш накард. Пифагор озими ватан шуд, мехост дониши андӯхтаашро ба халқаш бахшад. Аммо Юнон акнун дигар буд. Донишмандон ба истисмори форсҳо тоб наоварда, рӯ ба гарибй меоварданд. Бисёриҳо ҷануби Италияро маъво гирифтанду Юнони Бузургаш хонданд. Сиракуз, Агригент, Кротон ном шаҳрҳо сохтанд. «Дар чилсолагӣ, - мегӯяд Аристоксен, - Пифагор аз ҷабру зулми Поликрат ҷигаркабоб шуду рӯ ба Италия овард».
 
Соли аз Самос рафтани ӯро Аполлодор соли якуми олимпиадаи 62-юм (солҳои 532-531 то милод), Тимей бошад соли 529 то милод ҳисоб кардаанд. Дар шаҳри Кротон Пифагор мактаби файласуфии худро созмон додан хост. Дар байни мардум обрӯ, шаъну эътибори ӯ барқосо боло рафт. Ба шунидани ақидаҳои ӯ на танҳо мардон, балки бонувон низ гирд меомаданд, ҳарчанд барои онҳо ширкат варзидан дар ҷамъомадҳо аз рӯи қонун манъ буд. Дере нагузашта яке аз чунин қонуншиканҳо, духтари Боронт, Теано, завҷаи Пифагор мешавад.