Адабиёти кӯдак: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х →Адабиёти кӯдакони шӯравии тоҷик: ислоҳи вожаҳо using AWB |
х →Адабиёти кӯдакони шӯравии тоҷик: ислоҳи вожаҳо using AWB |
||
Сатри 13:
== Адабиёти кӯдакони шӯравии тоҷик ==
Устод Айнӣ чун асосгузори адабиёти бачагони шӯравии тоҷик дар навиштану тартиб додани китобҳои дарсӣ ва офаридани асарҳои бадеӣ барои бачагон хидмати арзандае кардааст. Ӯ дастовардҳои ғании адабиёти хаттию шифоҳии халқи тоҷик ва таҷрибаи ғании адабиёти русу халқҳои собиқ шӯравӣ ва ҷаҳониро ба ҳам омезиш дода, «Хонадони хушбахт», «Таҳзиб-ус-сибён» (1910), «Қизбола ё ки Холида» (1924), «Аҳмади девбанд» (1928), «Мактаби куҳна» (1934), «Ятим» (1939) барин асарҳо навишта, бачагонро дар рӯҳи нотарсию далерӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба халқу ватан, илму ҳунаромӯзӣ, накӯкорӣ ва ғайра тарбия кардааст. Устод Лоҳутӣ низ дар ташаккулу инкишофи назми бачагон хидмати арзандае дорад ва аксар шеърҳояш сурудҳои атфоли тоҷикӣ шудаанд. Пайрав, А. Ҳамдӣ, М. Раҳимӣ, А. Деҳотӣ, Ҷ. Суҳайлӣ, Б. Азизӣ, М. Аминзода, Н. Шерзода, Ҳ. Карим, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Р. Ҷалил, Б. Раҳимзода, Ф. Ниёзӣ, П. Толис, А. Шукӯҳӣ, М. Фарҳат, Ф. Ансорӣ, Б. Ҳоҷӣ, У. Раҷаб, А. Сидқӣ, А. Баҳорӣ, А. Шарифӣ, Б. Ортиқов, Озод Аминзода, М. Ҳакимова, Нӯъмон Розиқ ва дигарон ба воситаи осори худ ва тарҷумаи беҳтарин асарҳои кӯдакони русу халқҳои собиқ шӯравӣ ва ҷаҳонӣ дар рушду камол ва инкишофи адабиёти бачагони тоҷик саҳми бориз гузоштаанд. Шеъру суруд, тарона ва достонҳои сершумори М. Миршакар («Мо аз Помир омадем», «Неъмат», «Федка», «Бачагони Ҳиндустон» ва ғайра) аз дӯстдоштатарин асарҳои бачагони мо буда, дар ташаккулу инкишофи адабиёти бачагони тоҷик таъсири зиёд расондаанд. Охири солҳои 50 ва аввали солҳои 60 садаи XX чун дар тамоми адабиёти калонсолони шӯравии собиқ ва адабиёти тоҷикӣ гардиш ё давраи тоза дар адабиёти кӯдак маҳсуб мешавад. Ин солҳо давраи мубориза дар роҳи даст кашидан аз умумигӯии безоркунанда, осори берӯҳу забонзаду такрори маҳз ва рӯ овардан ба мушаххасгӯиву муассирнависӣ, ба сӯи хаёлангезӣ, латофату назокат ва равонию поккорӣ дар забону тарзи баён аст. Бори нахуст дар таърих шеъри кӯдакони тоҷик ба шеъри шифоҳии кӯдакон дар ҳамоғӯшии танготанг қарор дошт ва шеъри шоирони тоҷик ба шеъри шифоҳии кӯдакон сахт даромехту омезиш ёфт. Беҳтарин шеърҳои барои атфол навиштаи М. Миршакар, Ғ. Мирзо, А. Шукӯҳӣ, У. Раҷаб, Гулчеҳра, Н. Бақозода, Н. Розиқ, Ҷ. Ҳошимӣ ва дигарон ҳамон шеърҳоеанд, ки дар тарзи сухани шифоҳии кӯдакони тоҷик, дар оҳангу зарб, вазн қофия, забони нобу поку содаву равони он офарида шудаанд. Солҳои озодӣ ва истиқлол Гулназар, Н. Қосим, С. Маъмур, Р. Назрӣ, К. Насрулло низ дар ҳамин сабку услуб, вале бо роҳи хоси хеш шеър иншо карданд. Ин шоирон на танҳо андарзу ҳикмат, афсонаю ҳикоёти халқиро ба назм даровардаю такмил дода, ба рӯҳи замон ва талаботи хонандаи имрӯз мувофиқ мекарданд, балки асарҳои худро низ бо ҳамон сабки нигориши хос, зарбу оҳанги шӯхи таъсирбахш ва ҳаяҷонангезии асарҳои халқӣ навиштаанд. Маҳз ба воситаи навиштаҳои онҳо жанрҳои гуногуни асарҳои бачагона — шеъру тарона, достону афсона, суруду марш, чистону кистону тезгӯяк, достон, повесту ҳикояҳои реалистӣ ва ғайра хеле равнақ ёфт. Китоби шеъру достонҳои Ғ. Мирзо («Санговдавак», «Баррача рӯяд аз замин», «Чилдухтарон», «Гунҷишкак», «Достак», «Шайтони бекалӯшу маҳсӣ», «Афсонаи сесона, се мурғи дари хона», «Гулҳои даста баста», «Аз гаҳвора то майдон», «Як қатра офтоб», «Як даста гул»…), А. Шукӯҳӣ («Баррачаи гурезпо», «Ил-18 омад», «Об аз куҷо меояд», «Асад ва Самад»), Б. Ҳоҷӣ («Бузи айнакдор», «Шукуфаҳои чаман», «Гурбаи посбон», «Садарайҳон» ва ғайра), У. Раҷаб («Орзуҳои ширин», «Қиссаи модаркалон», «
Дар адабиёти бачагон баробариинкишофишеъру достон ва ҳикояю афсона ба воситаи асарҳои М. Миршакар («Айёми шубоби Бирбал ва Акбар», «Дурдонаҳои Амрита»), А. Баҳорӣ («Ҷасорати доктор Мансур», «Мулоқот», «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Бозгашт», «Сумбула» ва ғайра), А. Истад («Мавҷи хаёлот», «Суруди офтоб», «Замир», «Дарахти пахта», «Баъд аз ҳазор сол» ва ғайра) қиссаю ҳикояҳои тахайюлӣ равнақ ёфтанд. Ба воситаи асарҳои А. Шукӯҳӣ («Об аз куҷо меояд?», «Асад ва Самад»), Б. Ортиқов («Таътил», «Полвон», «Бачаҳои Лолазор», «Қиссаи мӯмиё», «Дурдонаҳои Зарафшон» ва ғайра), А. Самад («Баъди сари падар», «Аспи бобом»), К. Мирзо («Дар ҷустуҷӯи падар»), Н. Раҷаб («Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд», «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира Зара», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Ишқи духтари яҳудӣ»), Д. Раҷабӣ («Нони ҷуворӣ», «Шабе, ки борон меборид», «Модари нав»), Ҳ. Имодӣ («Ҷасорат»), Ғ. Ҷӯразода («Рахсеб»), С. Зарафшонфар («Ду овора», «Шоҳасп»), М. Субҳон («Қиссаи лаклаки сафед») ва дигарон повести реалистӣ такмил ёфта, ба жанри дӯстдоштаи бачагон мубаддал шуд.
|