Мисгарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

х
→‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
х (→‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB)
х (→‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB)
'''Мисгарӣ''' ({{забон-фа|مسگری }}) – яке аз касбҳои маъмули [[тоҷик]]он аст.
 
Инсон бори нахуст дар асри [[санг]] бо [[мис]] шинос шуд. Дар он вақт ӯ бо фикри сайқал додани олоти сангини худ тасодуфан бо миси табиӣ бархурд ва пиндошт, ки он ҳам як навъи санг аст. Аммо вақте ӯ хост, ки бо усули сохтани асбобҳои сангӣ аз миси табиӣ олот созад, маълум шуд, ки мис ба мисли санг пора нагардида, меёзад ва аз он олоти қираҳои тездори бурранда тайёр намешавад. Ёзиши миси табиӣ инсонро водор сохт, ки вай бо усули кӯфтани сард ороишот, аслиҳа ва олоти меҳнат созад. Ин давраи аввали истифодабарии миси табиӣ дар таърих энеолит – асри мису санг номида мешавад. Бо сабаби хеле мулоим будани миси табиӣ, аз он тайёр кардани олотҳои сахт имконнопазир буд. Бинобар ин, олотҳои мисӣ олотҳои сангиро иваз карда натавонистанд. Баъдтар инсон тавассути гудозиш аз маъдан барқарор кардани мисро аз худ кард. Мис дар ҳарорати 1083 градус гудохта мешавад. Барои чунин гудозиш шӯълаишуълаи гулхан ё оташдони одӣ кофӣ буд. Ҳамин тавр кӯраҳои маъдангудозӣ пайдо щуданд. Истеҳсоли ашёи мисӣ ба тариқи гудозиши маъдани мис дар ҳазораҳои VII-VI пеш аз милод оғоз ёфт. Ихтирои филиз дар таърихи инсоният инқилобе буд.
 
Дар ҳудуди [[Осиёи Миёна]] қадимтарин гудозиши мисро бостоншиносон аз ёдгориҳои энеолитии Туркманистони Ҷанубӣ кашф намуданд. Аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод [[Саразм]]и [[Панҷакант]] ба яке аз марказҳои бузурги филизгудозии қадими [[Осиёи Марказӣ]] табдил меёбад. Аз конҳои болооби Зарафшон тило, нуқра, мис, сурб, қалъагӣ ва фирӯза истеҳсол карда мешуд. Аз ин ҷост, ки аз Саразм кӯраҳои филизгудозӣ ва ороишоти мисиро кашф намуданд. Баъдтар инсон ба мис қалъагиро омезиш дод ва дар натиҷаи ин филизи нисбатан мустаҳкам - биринҷиро ихтироъ кард. Бо ихтирои биринҷӣ санг ҳамчун воситаи асосии олотсозӣ мавқеи худро гум кард. Доир ба истеҳсол ва истифодаи мис аз ҷониби аҷдоди тоҷикон Ҳеродот (асри VI то милод), Страбон (асри I то милод) ва баъдтар ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI маълумоти арзишманд додаанд. Масалан, Ҳеродот навиштааст, ки форсҳо дар сохтани найза, пайкон, зиреҳи асп ва табарзин аз мис истифода мекарданд. Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ, Мақдисӣ ва дигар таърихнигорону ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI ва минбаъда доир ба конҳои филиз ва филизгудозии тоҷикони Хуросону Мовароуннаҳр маълумот медиҳанд.