Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 92:
== Иқтисод ==
[[Акс:(UAE) The Dubai Fountain at Dusk 01.jpg|thumb|[[Dubai Mall|The Dubai Mall]], бузургтарин маркази фурӯш дар ҷаҳон]]
Аз соли 1956 сар карда паёпай кашф шудани конҳои нафт дар Абузабӣ, Дубай, Шарҷа ва Раъсу-л-Хайма мӯҷиби дар муддати кӯтоҳ ба давлати бузурги истихроҷкунандаи нефт дар Шарқи Миёна табдил ёфтани Иморот гардид. Вобаста ба ин дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар низ тараққӣ карда, он ба маркази иқтисодии байналхалқӣ табдил ёфт. Асоси иқтисодиёти Иморот истихроҷ ва содироти нефт (2,2 млн баррел дар як рӯз; захираи табииаш дар ҳудуди зиёда аз 7 млрд т; 10%-и захираи нефти олам аст) ва газ (захираи табииаш 5,7 триллион м<sup>3</sup>) буда, вобаста ба ин истеҳсоли масолеҳи нефт, саноати коркардаи нефт, нефту химия, металлургия, истеҳсоли семент тараққӣ кардааст. Савдои беруна хеле рушд карда, маркази тиҷоратӣ — Дубай ва минтақаи савдои озод — Ҷабал Алӣ маблағгузории (инвеститсияи) хориҷиро бештар аз ҳама ҷалб мекунанд. Танҳо бандарҳои Рашид (Дубай) ва Ҷабал Алӣ (Фуҷайра) дар як сол зиёда аз 3 млн контейнерро интиқол медиҳанд. Дар мамлакат инфрасохтори нақлиётӣ (6 аэропорти байналхалқӣ, бандарҳои баҳрӣ, шабакаи роҳҳои автомобилгард, соли 2010 метро ба кор даромад) ва телекоммуникатсия хеле тараққӣ кардааст. Маблағгузориҳои калон ба сохтмони биноҳо ва маҷмааҳои мӯҳташаммуҳташам ҷалб мешаванд. Истихроҷ ва содироти марворид ва маҳсулоти моҳидорӣ низ дар иқтисоди кишвар ҷойи намоён дорад. Аз ҳунармандии анъанавӣ бофтани қолин ва матоъҳои пашмӣ, ҳаккокию зарробии филизот муравваҷ аст. Дар воҳаҳо мевагиҳо, сабзавот, ғалладона ва ғ. парвариш ва кишт карда мешаванд. Чорводории кӯчӣ (бодиягардӣ) маъмул аст. Иморот асосан масолеҳи мошинсозии вазнин ва саноати химия, воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот, равғанҳои молиданӣ, молҳои сермасраф ва хӯроквориро ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратиаш — ИМА, Япония, Британияи Кабир, Таиланд, Уммон, Ҳиндустон, Эрон, Сингапур.
[[Акс:Executive Towers Under Construction on 30 January 2007.jpg|200px|thumbnail|right|Сохтмони осмонхарошҳо дар Дубай]]
 
Сатри 105:
 
== Маданият ва санъат ==
Ривоҷи санъату маданият дар Иморот аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки он ба тамоми аҳли ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар Иморот лоиҳаҳои миқёсашон бузурги тамоми қитъаҳои олам амалӣ мегарданд. Беҳтарин дастовардҳои санъати тасвирӣ, мусиқӣ, театру кино ва дигар намудҳои ҳунар дар ин ҷо намоиш дода мешаванд ва барои ин маҷмааву иншооти мӯҳташаммуҳташам, намоишгоҳҳои фарохмасоҳат, толорҳои консертӣ ва ғ. мавҷуданд. Барои инкишофи санъати меъмории муосир, парвози тахайюли шаҳрсозии нодир ва амалӣ кардани лоиҳаҳои ғарибу тахайюлӣ (фантастикӣ), мас., лоиҳаи бузургтарин музейи садаи 21 (пешниҳоди меъмори канадагӣ Франк Герӣ; дар он барои намоиш гузоштани бозёфтҳои археологӣ, намунаҳои саноеи гуногун, дастнависҳо ва ғ-и дар тамоми ҷаҳон эҷодшуда ва аз тамоми олам гирдоваришудаи ҳамаи замонҳо ва ҳамаи тамаддунҳо дар назар аст) ландшафти кишвар — соҳили на он қадар чуқуру нилгуни халиҷ (барои сохтмон дар даруни об) ва паҳнои биёбон имкониятҳои фаровон медиҳад; ва ё нияти Дубайро ба метрополия (модари шаҳрҳо) ва маркази маданияту санъати ҷаҳони араб табдил додани иморатҳо аз ҷумлаи нақшаҳои тарҳрезишудаи кишвар мебошанд. иморати Шарҷа аз соли 2001 ин ҷониб ҳамчун маҷмӯъкунандаи дастовардҳои ҳунармандон ва ҳунармандони мамлакатҳои Халиҷи Форс, Шарқи Наздик ва ҷаҳони боқимонда муаррифӣ шудааст. Дар Музейи бадеӣ, Музейи тамаддуни исломӣ ва музейҳои дигари ин иморат зуд-зуд намоиши осори рассомон ва пайкарасозон (бо ташкили семинар ва курсҳои маҳоратомӯзӣ) баргузор мегардад. Дар Абузабӣ барои ривоҷи санъати тасвирӣ хонаҳои эҷодӣ ташкил шудаанд. Дар Иморот Нигористони санъати муосир (масоҳ. 1817 м<sup>2</sup>) ва Маркази намоишӣ (масоҳ. 15.400 м<sup>2</sup>, соли 2009) ба истифода дода шудаанд, ки дар ҷаз. Саадияти ин иморат ҷойгиранд ва дар онҳо асарҳои рассомон, пайкарасозон ва амали ҳунармандони соҳаи ороиши бадеӣ намоиш дода мешаванд.
 
=== Мусиқӣ ===