Амрикои Ҷанубӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Олами ҳайвонот: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Аҳолӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 45:
 
== Аҳолӣ ==
Америкаи Ҷанубӣ қариб 385,7 млн нафар аҳолӣ дорад (2010). Сокинони таҳҷоии Америкаи Ҷанубӣ — ҳиндиҳо (ҳиндиҳои америкоӣ). Тахмин мекунанд, ки 30 — 20 ҳазор сол аз ин муқаддам аҷдоди онҳо аз шимолӣ шарқи Осиё ба Америкаи Шимолӣ омада, аз он ҷо ба Америкаи Ҷанубӣ гузаштаанд. Дар минтақаи кӯҳҳои Анд ҳанӯз 7 ҳазор сол муқаддам кишоварзӣ тараққӣ карда буд. Ҷуворимакка, картошка, каду, помидорро, ки ҳоло дар тамоми дунё истеъмол мекунанд, аввалин шуда ҳиндиҳои Америка кишт кардаанд. Тамаддунҳои азбайнрафтаи мардумони таҳҷоии ин ҷо ва боқимондаҳои он — харобаи шаҳрҳо, қасру маъбадҳои мӯҳташаммуҳташам, муҷассамаҳои бузурги маҳфузмонда, роҳу пулҳо, каналҳо ва системаи обёрии қадимтарин олимони замонро ба ҳайрат мегузоранд. Дар Америкаи Марказӣ ва Америкаи Ҷанубиӣ пеш аз Колумб аввалин ҷамъиятҳои синфии халқҳои ҳиндӣ: майя, астекҳо, чибчаҳо (муискаҳо) ва инкҳо ташаккул ёфтанд. Машғулияти асосиашон деҳқонӣ буд. Дар ибтидои садаи XVI Америкаи Ҷанубӣ аз тарафи европоиён забт гардида, ба Бразилия португалиҳо ва ба қисмҳои дигари он испаниҳо омаданд. Ҳиндуёни ноҳияҳои назди Атлантик ғулом ва ё қир карда шуданд. Мустамликадорон барои пур кардани қувваи корӣ аз Африка ҳабашҳоро меоварданд. Ҳамин тариқ раванди ба ҳам даромехтани нажоду қавмҳо, забону урфу одатҳои гуногун авҷ гирифт. Ҳайати аҳолӣ аҷоиб шуд: ҳиндиҳои бо сафедпӯстон даромехтаро «метис», бо ҳабашҳо даромехтаро «самбо», даромехтагони ҳабашҳою сафедпӯстонро «мулат» меноманд. Мардуми Америкаи Ҷанубӣ ба забонҳои романии оилаи ҳиндуаврупоӣ — испанӣ (аксарият), португалӣ (дар Бразилия) ва франсавӣ гуфтугӯ мекунанд. Дар давоми садаи XIX ва ибтидои садаи XX ба Америкаи Ҷанубӣ аз мамлакатҳои гуногуни Европаю Осиё чандин миллион одамон кӯчида омаданд.
 
== Марзбандии сиёсӣ ==