Хусрави Деҳлавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Д е в о н ҳ о и Х ӯ с р а в: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 67:
Ба навиштани достон шоир аз синни 36-солагӣ шурӯъ менамояд. Ашъори лирикии шоир дар панҷ девон гирд оварда шудааст. Ин панҷ девон дар давраҳои гуногуни ҳаёти шоир тартиб дода шудаанд ва Хусрав мувофиқи давраҳои синну соли худ ба ҳар кадоми онҳо номи махсусе додааст.
[[Тухфатуссигар|Туҳфатуссиғар]] (Тӯҳфаи ҷавонӣ) — девони аввалини шоир мебошад, ки ашъори ӯро то синни нуздаҳсолагӣ дар бар мегирад. Дар дебоча Хусрави Дехлавӣ дар бораи дар айёми хурдсолӣ ба шеърнависӣ шуғл варзидани худ, оид ба тахаллуси аввалааш Султонӣ, инчунин доир ба масъалаи имтиҳон шудани ӯ дар соҳаи назм ва амсоли инҳо сухан меронад.
[[Васатулхаёт|Васатулҳаёт]] (Миёнаи ҳаёт). Ин девон ашъори то синни 34-солагии шоирро дар бар мегирад. Марсияҳои дар ҳаққи султон Муҳаммад Коон машҳур ба Хони шаҳид навиштаи Хусрав дар он дохил шудаанд.
[[Гурратулкамол|Ғурратулкамол]] Ин девон ашъори айёми камолот, яъне давраи 34-40 солагии шоирро дар бар мегирад. Девон дебочаи муфассале дорад, ки дар он шоир аз бисёр масъалаҳои мӯҳимимуҳими адабиёт, инчунин аз тарҷимаи ҳоли худ сухан меронад.
[[Бакиятулнакия|Бақиятулнақия]] дар соли 1318 (ё ки соли 1316) мураттаб шудааст. Қасидаву тарҷеъбанд ва таркиббандҳои ин девон ба таърифи Низомиддин Авлиё, султон Алоуддин ва писарони ӯ Муборакшоҳ ва Хизрхон ва чанде аз дарбориёни бонуфуз бахшида шудаанд. Дар ин девон мисли девонҳои дигари муаллиф ғазалиёт, қитъаот ва рубоиёт низ дохил гардидаанд.
[[Нихоятулкамол|Ниҳоятулкамол]] Девони панҷумин ва охирини Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Дар ин девон марсияи Ғиёсуддин Туғлук (с.в.1325) ва қасидаҳо дар васфи писари Ғиёсуддин султон Муҳаммад Туғлук (1325—1351) низ дарҷ шудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки «Ниҳоятулкамол» чанд моҳ пеш аз вафоти Хусрави Деҳлавӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Дебочаи девон дар ҳамди Худову наъти пайғамбар ва тавсифи Низомиддин Авлиё мебошад. Девон қасоиду тарҷеъбанд, маснавиҳои ҳаҷман хурд, ғазалиёт, қитъаву рубоиётро дар бар мегирад.