Агрофизика: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Сатри 1:
'''Агрофизика''' — физикаи агрономӣ, як соҳаи илм. Агрофизика равандҳои физикавии [[хок]], [[рустанӣ]] ва роҳу васоити танзими ҳарорати хок, рӯшноӣ ва ғайраро меомӯзад. Аз 4 фасл иборат аст: физикаи хок, физикаи ҳаво, биофизикаи рустанӣ ва роҳҳои танзими шароити муҳити рустанӣ. Агрофизика ибтидои садаи XX ташаккул ёфтааст. Ривоҷу равнақи он ба комёбиҳои табиатшиносӣ, хусусан физика ва биофизика, математика, кибернетика, электроника, физикаи нимноқилҳо, полимерҳо ва пластмасса вобастагӣ дорад. Агрофизика илмҳои кишоварзиро бо усулҳои наву мукаммали пажӯҳиш таъмин месозад. Ҳангоми пажӯҳишҳои агрофизикӣ аз асбобҳои дақиқ (термометр, намисанҷ, асбобҳо барои чен кардани мувозанати ҳарорат, суръати об, моддаҳои ғизоӣ ва ғайра) истифода мебаранд. Натиҷаи тадқиқоти агрофизикӣ барои дарёфти усулҳои нави агрономӣ ва такмили усулҳои пештараи нигаҳдории намии хок ва беҳтар сохтани низоми ҳарорати он, муайян намудани усулҳои беҳтари кишт, шудгори замин ва ғайра истифода мешавад. Дар гармхонаю парвардахонаҳо парвариш кардани сабзавот, ки дар асоси тадқиқоти агрофизикӣ ба роҳ монда шудааст,
== Эзоҳ ==
|