Мирзо Турсунзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 44:
Аз соли [[1946]] — [[1977]] то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои [[Тоҷикистон]] ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони [[ИҶШС]] буд.
Шоир [[24 сентябр]]и соли [[1977]] дар шаҳри [[Душанбе]] вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоб([[Боғи Лучоб]])-и шаҳри [[Душанбе]] ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернационалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳоихидматҳои беназир кардааст<ref name=":0" />.
 
== Эҷодиёт ==
Сатри 50:
Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хотираи капитан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони интиқомгир (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корномаҳои ҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва «Барои Ватан» (1942)-ро ҳамроҳи [[Абдусалом Деҳотӣ]] эҷод мекунад.
Ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Садои Осиё» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964) ва достони «Аз Ганг то Кремл» (1970) ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд.
Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳоихидматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ ва [[соли 1964]] барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз мегардонад.
Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А. Некрасов, [[Самад Вурғун]], Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст.