Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 40:
Рента фоидае мебошад, ки аз истифодаи амвол, хусусан аз истифодаи замин гирифта мешавад. Масалан, соҳибони замин барои ба иҷора додани заминашон маблағи муайян мегиранд. Ин маблағҳоро соҳиби замин ҳамчун даромад аз истифодаи амволаш соҳиб мешавад.

Фоизи қарз даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад, ки онро бар ивази истифодаи сармояашон соҳиб шудаанд.

Андозҳои ғайримустақим андозҳое мебошанд, ки соҳибкорон ба буҷа баъди фурӯши молу хизматҳояшонхидматҳояшон пардохт мекунанд.

Дивиденд даромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаи умумии ширкатҳо ҷудо карда мешавад. Дивиденд як қисмати асосии даромади оилаҳо низ ба ҳисоб меравад.

Истеҳлок маблағҳое мебошанд, ки аз даромади умумии фирмаю муассисаҳо барои нав кардани сармояи асосӣ ҷудо карда мешаванд.

Усули ҳисобкунии МММ мувофиқи арзиши иловашударо усули истеҳсолӣ низ меноманд. Азбаски як намуди молҳо барои намуди дигари молҳо ҳамчун ашёи хом баромад мекунанд, бинобар ҳамин ҳангоми ҳисоби МММ ҳисоби дубора сурат мегирад. Аз ҳамин ҷиҳат барои бартараф намудани ҳисоби дубора МММ-ро бо усули истеҳсолӣ, яъне аз рӯи арзиши иловашуда низ ҳисоб мекунанд. Ин усули ҳисоби МММ тақозо менамояд, ки тамоми молу хизматҳоихидматҳои дар як сол истеҳсолшуда танҳо як маротиба ба ҳисоб гирифта шаванд. Яъне ҳангоми ҳисобгирӣ маҳсулоти ниҳоӣ ба ҳисоб гирифта шуда, маҳсулоти фосилавӣ, ки якчанд маротиба метавонад хариду фурӯш шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад.

Маҳсулоти ниҳоӣ ин молу хизматҳое мебошанд, ки барои истеъмоли ниҳоӣ харидорӣ мешаванд. Маҳсулоти фосилавӣ ин молу хизматҳое мебошанд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ якчанд маротиба мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд.

мафҳуми арзиши иловашуда фарқи байни арзиши маҳсулоти «истеҳсолшуда» ва хароҷотест, ки фирма барои хариду ашёи хом (маҳсулоти фосилавӣ) пардохт намудааст.

Сатри 71:
дар ин чо: ДМ - даромади миллӣ, МММХ - маҷмӯи маҳсулоти миллии холис, Ai - андозҳои ғайримустақим.

Асосан ду шакли даромади миллиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: даромади миллии истеҳсолшуда ва даромади миллии истифодашуда.

Даромади миллии истеҳсолшуда ҳаҷми арзиши молу хизматҳоихидматҳои нав бавуҷудовардашуда мебошад.
Даромади миллии истифодашуда даромади миллии истеҳсолшуда бо истиснои (яъне минуси) зарар аз офатҳои табиӣ, зарар ҳангоми нигоҳдории мол ва дигар намуди зарарҳо мебошад.

Ҳар гуна даромади миллӣ ба фонди истеъмол (яъне қисми ДМ, ки барои таъмини талаботи аҳолию давлат сарф мешавад) ва фонди андӯхт (яъне қисми ДМ, ки барои васеъ кардани истеҳсолот сарф мешавад) таксим карда мешавад.