Ҳоитӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Иқтисодиёт: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 22:
 
== Иқтисодиёт ==
Ҳаитӣ қашшоқтарин мамлакати Нимкураи шимолӣ ва яке аз сусттараққикардатарин дар ҷаҳон аз ҷиҳати ММД ба ҳар сари аҳолӣ (1317 доллар) мебошад. Дар сохтори ММД ҳиссаи кишоварзӣ 18 %, саноат 29 % (аз ҷумла саноати коркард 17,1 %), соҳаи хизматрасонӣхидматрасонӣ 53%-ро ташкил медиҳад. Нақши давлат дар иқтисодиёти мамлакат он қадар бузург нест. Ба он ширкати энергетикии Ҳаитӣ, ки соли 1971 ташкил карда шудааст, якчанд фабрикаи хурди истеҳсоли сизал, тамоку ва гӯгирд, нақлиёти ҳавоии дохилӣ тааллуқ доранд. Нисбат ба дигар давлатҳои Амрикои Лотинӣ ҳаҷми маблағгузории хориҷӣ дар Ҳаитӣ кам аст, ки ин ба вазъи сиёсии ноустувори мамлакат вобаста мебошад. 31 дарсади маблағгузории хориҷӣ ба ИМА рост меояд. Неруи барқи мамлакат дар НБО (38,5 %) ва НБА (61,5 %) истеҳсол карда мешавад. Дар мамлакат низоми барқтаъминкунӣ вуҷуд надорад; байни шаҳрҳо ва ноҳияҳои асосӣ хатти интиқоли неруи барқ мавҷуд нест. Аз солҳои 70 садаи XX иктишофи геологии нафт таҳти назорати ширкатҳои амрикоист. Ба наздикӣ истихроҷи тило оғоз гардид. Солҳои 80 садаи XX асосан конҳои масолеҳи бинокорӣ мавриди истифода қарор доштанд. Барои содирот, асосан, қанд, сизал (нахҳои дурушти табиӣ) ва ром истеҳсол мешуданд. Аз соли 1970 таҳти назорати сармояи Амрикои Шимолӣ корхонаҳои нави саноати сабук пайдо шуданд, ки аз ашёи хоми воридотӣ барои содирот таҷҳизоти электронӣ, либос, бозичаҳо, молҳои варзишӣ истеҳсол мекарданд. Ҳаитӣ истеҳсолкунанда ва содиркунандаи асосии тӯбҳои бейсбол ба бозори ҷаҳонӣ буд. Вале дар солҳои 80 аз сабаби бадшавии вазъи сиёсӣ дар мамлакат як қатор корхонаҳо ба Мексика ва Республикаи Доминикан кӯчонда шуданд. Барои бозори дохилӣ, асосан, корхонаҳои бофандагӣ, пойафзор, дорусозӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд.
 
== Кишоварзӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳоитӣ"