Созмони ҳамкории Шанхай: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Эзоҳ: ислоҳ, гурӯҳбандӣ
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 1:
'''Созмони ҳамкории Шанхай''' - созмонест байниҳукуматии доимамалкунандаи чандҷониба дар соҳаҳои иқтисод, амният ва фарҳанг, ки бар асоси оинномавии Созмон, ки [[7 июн]]и [[соли 2002]] қабулшуда фаъолият мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.
=="Панҷгонаи Шанхай" ==
[[26 апрел]]и [[соли 1996]] бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони [[Чин]], [[Руссия]], [[Қазоқистон]], [[Тоҷикистон]] ва [[Қирғизистон]] '''''"Панҷгонаи Шанхай"''''' ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд. Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои "Панҷгонаи Шанхай" – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид. Тавре, ки қайд гардид, мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри [[Шанхай]], маротибаи дуюм 24 апрели соли 1997 дар шаҳри [[Маскав]], маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24 - 26 августи соли 1999 дар шаҳри [[Бишкек]] доир гардид. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи "Панҷгонаи Шанхай" густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви "Панҷгонаи Шанхай" 5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Сатри 28:
Шӯрои сарони давлатҳо (минбаъд - ШСД) мақоми олӣ дар СҲШ барои қабули қарорҳо ва дастурҳо оид ба масъалаҳои муҳими дохилию хориҷии Созмон ба ҳисоб меравад. Ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) (минбаъд - ШСҲ) барои муҳокимаи стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ, ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмараи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкориҳо, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (минбаъд - ШВКХ) барои баррасӣ ва маъқул донистани лоиҳаи рӯзнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи ШСД, пешкаш намудани пешниҳодот ба ШСД ва ШСҲ дар бораи такмил ва рушди ҳамкориҳои самтҳои гуногун дар чорчӯбаи СҲШ, инчунин беҳтаргардонии фаъолияти мақомоти СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои бастани ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи шартномавии дахлдор дар чорчӯбаи Созмон, баромад намудан бо изҳорот аз номи давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои байналхалқӣ, баррасии фаъолияти ҷории СҲШ, таъмини идоракунии умумӣ ва иҷрои қарорҳои мақомоти СҲШ ва баррасии дигар масъалаҳои дохилию ҳамкориҳои байналхалқии Созмон амал менамояд. Машварати роҳбарони вазорат ва/ё идораҳо вохӯрии роҳбарони парлумонҳо, котибони шӯроҳои амният, судҳои олӣ ва арбитражӣ, прокуратураҳои генералӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳавиро, ки барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дахлдор доир мегарданд, дар бар мегирад. Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ механизми идора ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷории Созмон ба ҳисоб рафта, инчунин барои омода намудани ҷаласаҳои ШСД, ШСҲ ва ШВКХ фаъолият менамояд. Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (минбаъд - СМЗТ) СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимоамалкунандаи Созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шуруъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканд қарор доранд. Дабири кулли СҲШ ва Директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо аз ҳисоби шаҳрвандон - шахсони муътабари давлатҳои аъзо мувофиқи алифбои русӣ ба муҳлати се сол таъйин мегарданд, ки шахси мансабдори байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.
 
Давлатҳои нозири СҲШ – [[Ҷумҳурии Исломии Афғонистон]], [[Ҳиндустон]], [[Ҷумҳурии Исломии Эрон]], [[Муғулистон]] ва [[Покистон]], давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ – [[Белорус]], [[Туркия]] ва [[Шри-Ланка]] мебошанд.<ref name="mfa.tj">{{Cite web |url=http://mfa.tj/tj/munosibathoi-tojikiston-dar-doirai-sozmonhoi-baynalmilali-va-mintakavi/sozmoni-hamkorii-shankhay.html |title=Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шанхай |accessdate=2016-01-13 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20151017175510/http://mfa.tj/tj/munosibathoi-tojikiston-dar-doirai-sozmonhoi-baynalmilali-va-mintakavi/sozmoni-hamkorii-shankhay.html |archivedate=2015-10-17 }}</ref>
Соли [[2009]] ба давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ [[Шри-Ланка]] ва [[Белорус]] соли 2010 ҳамроҳ гардиданд.
 
Сатри 44:
Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. СМЗТ СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст. Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак - зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ «Мирная миссия - 2012» 08 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон» вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. СҲШ нияти ба блоки ҳарбӣ мубаддал гаштанро надошта, мақсади он танҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир – терроризм мебошад. Дар соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ҳамчунин дар қаламрави кишвар баргузории машқҳои зиддитеррористӣ ба назар гирифта шудааст.
 
Фаъолияти СҲШ натанҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи созмон нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣхидматрасонӣ ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.
 
Яке аз навовариҳо дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки дар худ 53 донишгоҳҳои маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шомил мебошанд.<ref name="mfa.tj"/>