Адади комплексӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Ададҳои комплексӣ to Адади комплексӣ |
|||
Сатри 1:
'''Ададҳои комплексӣ''' — ададҳои намуди a+ib, ки ин ҷо a ва b ададҳои ҳақиқӣ буда, бо аломати i–воҳиди мавҳум (ададе, ки квадрати он ба –1 баробар аст) ишора шудааст; a – қисми ҳақиқӣ (ишорааш a =Rez) ва b – қисми мавҳуми (ишорааш b=Imz) адади комплексии z= a+ib номида мешавад. Ададҳои ҳақиқӣ ҳолати хусусии ададҳои комплексӣ мебошанд (ҳангоми b=0). Ададҳои комплексиеро, ки ҳақиқӣ нестанд (b≠0), ададҳои мавҳум меноманд. Ҳангоми a =0 будан ададҳои комплексӣ адади софмавҳум номида мешаванд. Ададҳои комплексии z=a+ibва z= a–ib-ро ададҳои пайвасти комплексӣ меноманд. Амалҳои арифметикӣ бо ададҳои комплексӣ мувофиқи қоидаҳои амалҳо бо бисёрузвҳо (бо дарназардошти баробарии i2=–1) иҷро карда мешаванд. Ба сифати тасвири геометрии ададҳои комплексӣ a+ib нуқтаи ҳамворӣ, ки координатаҳои декартиаш a, b мебошанд,
== Эзоҳ ==
|