Шириншо Шотемур: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Хотира: ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 35:
Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди деҳқон аз деҳаи Поршиневи [[ноҳияи Шуғнон|волости Шуғнон]] (Помири ғарбӣ) [[аморати Бухоро]] аст. Ӯ соли [[1899]] ба дунё омадааст. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии хеле қашшоққона доштанд. Тахминан соли [[1908]] ё соли [[1909]], вақте Шириншоҳ ки 8-9 сола буд, волидонаш аз олам гузаштанд. Аслу насаби падараш аҳли рӯҳонист, ки он дар номи насаби ӯ низ акс ёфтааст. Маънои ҳиссачаи «шо» - саид, ё худ вориси бевоситаи [[Муҳаммад]] аст. То дувоздаҳсолагӣ дар назди бародараш умр ба сар бурдааст. Аз соли [[1911]]) ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол аз ҳисоби давлати русҳо хондааст. Зимистон таҳсил дошта, тобистон дар назди сардори отряди Помир кор мекард – гулҳоро об медод. Аз 14-солагӣ бо меҳнати хеш зиндагӣ мекард.<ref name="bbc.co.uk">[http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2009/08/090824_ea_fs_shahtemur.shtml Кашфи тасовире нодир аз Шириншоҳ Шоҳтемур]</ref>
 
Соли [[1914]] дар сини 15-солагӣ мактаби мазкурро хатм намуда, бо штабс – капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин, ки дар [[Тошканд]] зиндагӣ мекард, аз Помир ба ш.Тошканд омад. Тамоми роҳ хизматгузори ӯ буд, ва дар давоми 4 моҳ, аз 25 август то декабри соли 1914 дар хонааш ба сифати пешхизмат ва дарбон кор мекард. Аз декабри соли 1914 то моҳи маи соли 1915 чун фаррош дар омӯзишгоҳи ҳаштуми русӣ - маҳаллии шаҳри Тошканд хизматхидмат намуда, айни замон назди мудири омӯзишгоҳ Апполон Петрович Радугин, ки акнун дар уезди Тошканд бухгалтерии завод шуда, кор мекунад, таълим гирифт. Аз 1 маи соли 1915 таӯсилашро хотима дода, то моҳи августи соли 1915 мардикори заводи Иванов (Бешоғоч), аз 11 август то 30 сентябри соли 1916 вагонбар ва кандуктори трамваи Тошканд буд. Аз октябри с. 1916 то январи с. 1917 дар артели Матвеев ба сифати бағочдеҳи поезди боркаши роҳи оҳан кор кард. Аз январи с. 1917 то 26 август боз дар назди ҳамон муаллим барои дохил шудан ба курсҳои дусолаи педагогӣ омодагӣ дида, 26 август имтиҳони чор синфи хатмкардаашро супурда, дар сини 18-солагӣ ба синфи аввал дохил шуд. Соли 1917 омӯзишгоҳи мазкур баста шуд. Шириншоҳ маҷбур шуд, ки аз моҳи сентябр ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд шомил шавад. Баъди як моҳ – моҳи октябри с. 1917 Инқилоби Октябрро пешвоз гирифт. То ин вақт Шириншоҳ дар бораи ғояи сотсиализм, муборизаи синфӣ ва ҳоказо тасаввурот надошт. Ҳамроҳи коргарони маҳаллӣ барои барпо ва пойдор гардидани Ҳокимяти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна иштирок кардааст.
Аз январи [[соли 1921]] узви Ҳизби коммунист буд. Рақами билети аъзогиаш 539289, баъди ивазшавӣ 0830934.
 
Сатри 44:
== Таъсиси рӯзномаи [[«Иди тоҷик» (рӯзнома)|«Иди тоҷик»]] ==
 
{{аввали иқтибос}}«Ш.Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хеле хизматхидмат кард»{{охири иқтибос|сарчашма= А.В.Макашов ва В.А.Руднитский. Шириншо Шотемур. Душанбе:«Ирфон»,1964.}}.
Дар ин замон – дар нимаи якуми солҳои 20-ум [[Шириншоҳ Шоҳтемур]] аввал дар котиботи Шӯрои Комиссарони Халқӣ, сипас ба ҳайси инструктори шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК(б) ҶМШС Туркистон кор карда, ҳамчунин узви Президиуми Кумитаи инқилобии тоҷик буд.
Дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун идеолог тавонист масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. ӯ [[Ҳасан Ирфон]]ро масъули рӯзнома таъйин кард. Устод [[Садриддин Айнӣ]], [[Нисор Муҳаммад]], [[Абдуқодир Муҳиддинов|А. Муҳиддинов]], С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Хуҷандӣ, А. Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи тоҷикнишин ҳамкорони фаъоли «Овози тоҷик» буданд. Оғози нашри ин рӯзнома, дар замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард.