Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 0 sources and tagging 1 as dead.) #IABot (v2.0.8
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 27:
'''Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ''' (тав. [[7 январ]] [[1924]] [[деҳаи Лангарибобо]]и [[ноҳияи Конибодом]] - ваф. [[18 январ]]и [[2007]]) — [[шоир]] ва [[нависанда]]и тоҷик, [[Шоири халқии Тоҷикистон]] ([[1997]]). Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Фадеев. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1947)
== Зиндагинома ==
Пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогӣ муддате омӯзгор буд. Соли 1942 ба ҳимояи Ватан рафта, дар муҳорибаҳои шадиди назди шаҳри Орлов ва дар озодкунии шаҳри Витебск мардонавор ҷангид. Соли 1944 бо бардошти ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш баргашта, чун котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Баъдтар дар рӯзномаи "Тоҷикистон советӣ" чун мудири шӯъба ва муҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Машъал" хизматхидмат кардааст. Соли 1958 факултаи рӯзноманигории мактаби олии ҳизбиро хатм намуд ва дар мақомоти давлатӣ, директори нашриёти "Ирфон", ҷонишини якуми раиси ҷамъияти китобдӯстони ҷумҳурӣ кор кард. Қаҳҳорӣ аз соли 1940 ба майдони адабиёт ворид шуда, пийесаи нахустинаш "Қаҳрамони ҷавон" соли 1942 эҷод шудааст. Қаҳҳорӣ шоири ҷанговар буда, навиштаҳояш ғояҳои ватандӯстӣ, озодихоҳӣ ва ишқу муҳаббатро тараннум мекунанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии барои наврасону калонсолон эҷодшудаи «Гули баҳор» (1959), «Шукуфаҳои аз хун дамида» (1970), «Гули шом» (1982), «Машъалафрӯз» (1987), «Минбари шоир» (1988), «Ашки ширин» (1995), достонҳои «Гуфтугӯ бо меҳмон», «Қиссаи пахта», (1958), «Писарчаи ҷаҳондидаи ман» (1959), «Шаби пеш аз марг» (1965), «Шаҳиди зинда» (1985), «Қиссаи нави «Юсуфу Зулайхо» (1988) ва ғ. мебошад.
Силсилаи ашъори «Оҳангҳои дӯстӣ» (1964) натиҷаи таассуроти шоир аз сафари Афғонистон аст. Достони «Шаби пеш аз марг», ки ба тавсифи корномаи ҷангии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯйчӣ Эрйигитов ихтисос ёфтааст, соли 1965 дар Маскав ба забони русӣ ҳам чоп шудааст.Асарҳои мансураш дар китобҳои «Гардиши айём» (1982), «Конибодом» (1999) ва «Умри ғанимат» (2000) ба табъ расидаанд. Драмаҳои ӯ «Қаҳрамони ҷавон» (1942), «Дили оташин» (1948), «Шамшер ва рангинкамон» (1974), «Таркиш» (1975), «Шайтон» (1980) ва ғ. солиёне дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шуда, бархе дар китоби «Таркиш» (1984) фароҳам омадаанд. Тарҷумаҳои русии ашъораш дар маҷмӯаҳои «Песни радости» (1959), «Солнце в чемодане» (1986), «В смерте рождённая любовь» (1990), «Колыбель» (1990) ва рӯзномаву маҷаллаву маҷмӯаҳои зиёди русизабон интишор ёфтаанд.<ref>{{Cite web|url=http://navisandagan.tj/tj/index.php/2017-08-18-10-05-26/shoiron/363-abdu-abbor-a-or|title=Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ|author=|website=navisandagan.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-010-06}}</ref>
Китобу намунаҳои ашъораш, бар замми русӣ, ба забони аксари халқҳои шӯравӣ, шеърҳои алоҳидааш дар Эрону Афғонистон, Фаронсаву Инглистон, Чехословакияву Булғористон, Финлонду Лаҳистон ва диг. мамолики ҷаҳон ба табъ расидаанд. Китобҳои ашъораш ба русӣ, узбекӣ, озарӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо нашр шудаанд. 18 январи соли 2007 аз олам даргузашт.
Сатри 107:
* Абдуҷҷабор Қаҳҳорӣ [Матн]: Нишондиҳандаи адабиёт. - Душанбе, 1984. - 36 с.
* Амонов, Р. Тантанаи ҳаёт бар марг [Матн]: Дар бораи достони «Шаби пеш аз марг» // Комсомоли Тоҷикситон.- 1965.- 3 ноябр.
* Бобоҷон, А. Ҷӯяндаи фикрҳои бикр [Матн]: Дар бораи ҳаёти давраи ҷангии шоир ва мавзӯимавзӯъи ватандӯстию қаҳрамонӣ дар эҷодиёти ӯ // Комсомоли Тоҷикистон.- 1966.- 26 октябр.
* Наҷмиддинов, М. Соҳиби ду маҳорат [Матн] // Маориф ва маданият.- 1966.- 24 сентябр.
* Худойдодов, Б. Шоистаи мукофот [Матн] // Маориф ва маданият.- 1965.- 5 октябр.