Абдулло Раҳимбоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 37:
Абдулло Раҳимбоев [[1 июн]]и [[соли 1896]] дар шаҳри [[Хуҷанд]] дар хонаводаи бозаргон ба дунё омада аст. Аввал дар мадрасаи динӣ, сипас солҳои [[1908]]-[[1917]] дар мактаби русии Хуҷанд, омӯзишгоҳи олии [[Самарқанд]], семинарияи омӯзгории [[Тошканд]] таҳсил карда, муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ карда, сипас ба ҳаракати инқилобӣ ҳамроҳ мешавад.
 
Вай яке аз бунёдгузорону раҳбарони Шӯрои коргарони мусулмони Хуҷанд буд. Соли 1919 узви Ҳизби Коммунисти болшевикҳои Русия (ҲКР (б)) ва котиби комиҷроия дар шаҳри [[Гулистан|Мирзочӯл]] таъйин шуд. Солҳои 1919 - 1920 вай котиби кумитаи ҳизби коммунисти уезди Хуҷанд, раиси кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Самарқанд буд. Солҳои [[1920]] — [[1923]] раиси КИМ ҶШС Туркистон, котиби КМ ҲК Туркистон (октябри 1920 то июни 1923), узви коллегияи комиссариати халқӣ дар умури миллатҳои ҶШФСР, [[Соли 1923|1923]]-[[Соли 1924|1924]] котиби якуми КМ ҲК [[Бухоро]], котиби дуюми КМ ҲК Туркистон ва аз маимайи 1922 то сентябри 1926 узви Шурои инқилобӣ-низомии Фронти Туркистон буд.
 
Раҳимбоев яке аз имзокунандагони [[:ru:Договор об образовании СССР|Паймони таъсиси Иттиҳоди Шуравӣ]] дар [[30 декабр]]и [[Соли 1922|1922]] буд. Соли 1923 ӯ узви ҳайъати нави КМ ҲКРусия (б) интихоб нашуд ва ӯро котиби КМ [[:ru:Бухарская коммунистическая партия|Ҳизби коммунистии Бухоро]] (аз июл то ноябри 1923) таъйин карданд ва сипас котиби дувуми КМ ҲК Туркистон (1923—1924) шуд. Пас аз бунёди [[:ru:Узбекская Советская Социалистическая Республика|ҶШС Узбекистон]], Раҳимбоев котиби КМ [[:ru:КП(б) Узбекистана|ҲК (б) Ӯзбекистон]] (аз декабри 1923 то декабри 1925) интихоб шуд. Аз маимайи 1924 то декабри 1925 дубора номзадияшро барои узвият дар КМ ҲКИШ(б) пешниҳод карданд, аммо сипас аз ҳама симатҳо барканораш карда барои таҳсил дар курсҳои марксизм-ленинизм дар Академияи коммунистӣ ба Маскав фиристоданд (аз октябри 1926 то июни 1928).
 
Вай дар солҳои 1928-1933 раиси Раёсати Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС, аъзои коллегия ва раиси комитети ақаллиятҳои миллии Комиссариати халқии маорифи ҶШФСР ва солҳои 1933-1937 раиси Шӯрои комиссариони халқи [[ҶШС Тоҷикистон]] ва ҳамзамон яке аз раисони КИМ ИҶШС буд. Вакили анҷуманҳои X-XIV ва XVII ҲКР (б), бисёр конференсияҳои ҳизбии [[Иттиҳоди Шуравӣ]] буд. Дар анҷумани XI ва XIII ҳизби коммунист номзади узвият дар КМ ҲКР (б) дар анҷумани XII ин ҳизб узви Дафтари КМ ҲКР (б) дар [[Осиёи Миёна]], узви Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон буд. Вай ҳамчунин узви КИМ ИҶШС дар даъватҳои V ва VII буд. Дорандаи чандин нишон, аз ҷумла (Орден) Нишони Ленин ва Нишони Байрақи Сурх будааст.<ref>[http://dic.academic.ru/dic.nsf/bse/168865/%D0%A0%D0%B0%D1%85%D0%B8%D0%BC%D0%B1%D0%B0%D0%B5%D0%B2 Большая советская энциклопедия Рахимбаев это: http://dic.academic.ru/]</ref>