Мисгарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

х
→‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
х (→‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB)
х (→‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB)
Дастшӯ аз навъи маъмул ва машҳури зарфҳои тоҷикӣ мебошад. Зинатдиҳии дастшӯ мисли офтоба ба анъанаҳои қадимаи меҳмондӯстӣ ва зебопарастии тоҷикон алоқаманд мебошад. Дастшӯ аз ду қисми асосӣ - обрез ва обгир иборат аст. Қисми болоии дастшӯро бештар нақшпардозӣ намуда, онро бо сангҳои табиӣ ва сунъӣ оро медиҳанд. Усто Олими Мисгари Шаҳрисабзӣ (асри ХХ) яке аз мисгарони мумтоз мебошад, ки намунаҳои ҳунари ӯ дар осорхонаҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Яке аз дастшӯйҳои сохтаи вай хеле зебо буда, гирдокирди лаби он тавассути парчинкорӣ ба 14 қисми мунаққаш ҷудо шуда, дар маркази ҳар як қисм боз нақши барҷастаи мунаққаши ислимӣ ба назар мерасад. Дар қисми парчамкоришуда инчунин 114 санги фирӯзамонанди сунъӣ насб шудааст. Қисми обрези дастшӯ низ пурра аз нақшҳои ислимӣ ва геометрӣ иборат аст. Дар ин қисм низ 14 нақши дигар кандакорӣ шудааст. Вале ин нақшҳо барҷаста набуда, дар маркази онҳо ситора панҷгуша ҷой дорад. Болои ин нақшҳо каме сир кашида шудаанд. Чунончӣ мушоҳида шуд дар як дастшӯ ҳам нақши ҳандасӣ ва ҳам нақши ислимӣ истифода шуда, тавассути хотамкорӣ ва сирдавонӣ онро бештар ороиш дадаанд.
 
Вабаста ба истеъмоли чой мисгарон чойникҳои мисини мунаққашро истеҳсол менамуданд, ки онҳоро бештар бо нақшҳои ислимӣ ва геометрӣ оро медоданд. Маъмултарин навъи зарфи мисини мунаққаши шакли мудаввар ва чоркунҷадорро лаълӣ, лаган ва гоҳҳо табақ мегуфтанд. Нақши марказии лаълиҳоро «нақши гардон» меномиданд. Маркази лаълиҳоро бо нақшҳои зооморфӣ аз қабили тасвири шерҳои болдор зинат медоданд. Масалан, дар зарфҳои аз Қалъаи Баланди Истаравшан ёфтшуда ҳам шер ва ҳам зани болдор ба назар мерасад. Дар ороиши лаълиҳо аз катибаҳои гуногун низ ба таври васеъ истифода бурда мешуд. Мисгарони мумтози Осиёи Миёна ҳангоми истифодаи нақшҳои эпиграфӣ дар зарфҳои мисӣ танҳо катибаҳои арабӣ ва тоҷикиро истифода менамуданд. Нақши марказии мудаввар таърихи хеле қадима дошта, он ифодакунандаи офтоб ва системаи офтобӣ аст. Дар умум нақшҳои лаълиҳо композитсионӣ мебошанд. Мисол, дар маркази яке аз лаълиҳои мисӣ нақши геометрии шашкунҷаи ситорамонанд кандакорӣ шуда, дар атрофии он се нақши занҷираи нимдоираи дар маҷмуъмаҷмӯъ як давраро ташкилдиҳанда мавҷуд аст. Берун аз ин нақш се нақши мудаввари ислимӣ ва се нақши эпиграфӣ дар шакли хати сулси печон кандакорӣ шудааст. Атрофи ин нақшҳоро боз нақши мудаввари занҷира иҳота кардааст. Лаби лаълӣ низ мунаққаш буда, аз қисми марказии он каме баландтар сохта шудааст.
 
Мисгарони хивагӣ кӯзаҳои мунаққаше тайёр мекарданд, ки дар онҳо нақшҳои ислимии себарга ва нақшҳои геометрии меҳробмонанд, ромб, хатҳои росту мавҷӣ ҷои асосиро ишғол менамоянд. Қисмҳои нақшдори кӯзаҳоро аз ҳам нақши алоҳида-занҷира ҷудо менамуданд. Шаклҳои гуногуни занҷира - мавҷӣ, нуқтавӣ, дандонадор, ростхат ва ҷуфтхат истифода мешуд. Коса, шоҳкоса ва тос низ аз навъи маъмули зарфҳои мисӣ мебошанд. Дар баъзе шоҳкосаҳои аввал нақшҳои меҳробиро канда, баъд даруни ин нақшҳоро ба нақшҳои эпиграфӣ ва ислимӣ оро медоданд. Дар маркази қисми дохилӣ сангҳои ороиширо низ насб менамуданд. Чилим, носкаду ва туфдонҳоро низ бо чунин нақшҳо оро медоданд. Дар қаламдонҳо бештар катибаҳои тоҷикӣ ва нақшҳои рустаниҳо кандакорӣ мешуданд. Истеҳсоли сурмадонҳои бодомшакли мунаққаши тоҷикӣ хеле ҷолиб буда, шакли бодомӣ ва истифодаи он маъно ва рамзи таърихӣ дорад. Сурмадонҳоро барои он дар шакли бодом месохтанд, ки худи хокаи сурмаро аз донаи бодоми талхи хушк истеҳсол мекарданд. Донаи бодомро дар аввал хушк карда, онро дар зарфи хушк таспонда, баъд ба хокаи он каме равған илова карда, аз он сурма тайёр мекарданд. Дар Мисри қадим низ аз бодом сурма тайёр менамуданд ва сурмаро ҳам занон ва ҳам мардон истифода мекарданд. Ҳамчунин нақши бодомӣ яке аз нақшҳои зебо ва маъмули зарфҳои мисӣ мебошад.Вижагии фарқкунандаи нақши зарфҳои мисини асримиёнагӣ ва муосири тоҷик дар он аст, ки онҳо бештар моҳияти ороишӣ ва ҳикматона доштанд. Дар ороиши зарфҳои мисӣ сирро истифода мебурданд, ки онро минокорӣ меноманд. Сири фирӯзаранг ва сафед бештар ба кор мерафт.