Саодат Икромӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 11:
'''Саодат Икромӣ''' ([[21 март]]и [[соли 1914]],шаҳри [[Бухоро]] — [[23 ноябр]]и [[соли 1996]] ) — яке аз поягузорони [[Китобхонаи миллии Тоҷикистон]], «Китобдори Хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» ([[соли 1957]])
Саодат Икромӣ [[21 март]]и [[соли 1914]], дар шаҳри [[Бухоро]] ба дунё омадаст. Оӻози солҳои сиюми қарни гузашта ҳамроҳи волидайн ба пойтахти Тоҷикистон омад ва дар Техникуми молия таҳсил кард. Соли 1934 бо амри тасодуф дар Китобхонаи навтаъсиси давлатӣ - оммавии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ чун китобдор фаъолияти меҳнатиашрокориашро шурӯъ намуд ва умре ба ин касб вафодор монд.
 
Ҳамсари нависандаи забардасти тоҷик [[Ҷалол Икромӣ]] — Саодат баробари тарбияи чаҳор фарзанди хеш дар тарбияи маънавии садҳо ва ҳазорон ҳамиллатонаш саҳм гирифта, дасти чандин китобдорони ҷавонро дар ҷодаи касб рост намудааст, дар ин боргоҳи маърифат ба қавле замини ҳамвори пешониро чин болои чин кард. Хизмати шоёни ин бонуи бомаърифат бо унвони фахрии « Китобдори Хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» (соли 1957) ва чандин Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва таърифномаҳо қадр гардидааст. Ӯ [[23 ноябр]]и [[соли 1996]] аз дунё даргузашт.