Симфония: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Симфония
 
х ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 1:
'''Симфония''' — (юн. symphonia – ҳамоҳангӣ), дар маънои имрӯза – асар (яъне ба маънои томаш, [[соната]] барои [[оркестр]]).
== Таърих ==
Симфония – жанри пешоҳанги мусиқии оркестрӣ буда, дар миёнаи а.-и XVIII ташаккул ёфт. Дар эҷодиёти композиторони мактаби классикии Вена (И. [[Ҳайдн]], В. А. [[Мотсарт]], Л. [[Бетховен]]) Симфонияи 4-қисма шакл гирифт. Асарҳои чунин таркибдошта, силсилаи [[соната]]-симфония ном гирифтаанд. Минбаъд ин хусусиятҳои Симфония дар эҷодиёти композиторони равияи романтизм (Ф. Шуберт) ташаккул ёфта, бойтар гардид ва дар эҷодиёти А. Брукнер, Г. Малер, П. Чайковский идома ёфтанд.
 
Мафҳуми Симфонияи барномавӣ дар мусиқии классикии Аврупо, дар эҷодиёти Л. Бетховен, Г. Берлиоз, Ф. Лист, Р. Шраус идома ёфта, паҳн гардид, шакл гирифт. Дар дунё композиторони зиёде дар жанри Симфония асарҳои бузург офаридаанд.
== Симфония дар эҷодиёти композитори маъруфи тоҷик ==
Дар Тоҷикиистон аввалин Симфонияро композитори маъруфи тоҷик Абдуфаттоҳ Одинаев с.соли 1964 офаридааст. Гарчанде мусиқии касбии тоҷик аз с.-ҳои 40-уми а.-и XX ибтидо мегирад. Дар ин самт саҳми композиторон С. Баласанян, М. Светаев, А. Ленский ва С. Урбах хеле назаррас аст. Онҳо, бевосита дар жанри С. асарҳо эҷод намудаанд. Композиторони ҷавони тоҷик низ ба жанри Симфония рӯ овардаанд: М. Атоев Симфонияи «Мубориза» (1966) ва с.-и 2-юм (1967); Д. Дустмуҳаммадов Симфонияи «Бедории Шарқ» (1967) ва Симфонияи 2-юм барои оркестри торӣ ва литавраҳо (1968). Ин ҷо месазад Симфонияҳои Ю. Тер-Осипов ва А. Солиевро хотирнишон кард. Симфонияҳои 70-80 дар рушди мусиқии касбии тоҷик с.-ҳои бобарор ба шумор мераванд. Симфонияҳои Ф. Баҳор №1 (1974), №2 (1976), №3 (1980), «Ибн Сино» (1980), «Бузург» (1980); Симфонияҳои Т. Шаҳидӣ «Тоҷикон» (1978), «Ависена» (1983), «Мақомот» (1984); С.-ҳои Ю. Мамедов №1 (1970), №2 (1971), №3 (1980), №4 (1982) ва ғ. Симфонияҳои баъдина низ як зумра композиторони тоҷик дар жанри Симфония асарҳо эҷод намудаанд. Инҳо З. Шаҳидӣ, Т. Сатторов, П. Туробӣ, М. Бафоев, А. Латифзода, К. Тушинок, Б. Пиговат ва ҳ. к.
Симфонияои 4 -қисма бо суръатҳои зайл эҷод мешаванд: қисми якум Allegro, қисми дувум Andante, қисми сеюм дар шакли мануэт ё скертсо, қисми чорум – хотима бо суръати Allegro vivace дар шакли рондо ё вариатсия.<ref> Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.353. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}} </ref>
== Нигаред ==
*[[Достони симфонӣ]]