Ахтаршиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
Умари Хайём (1040–1112) лоиҳаи тақвимеро пешни­ҳод кард, ки асоси онро даври 33-сола (аз он 8 солаш кабиса) ташкил медод. Тақвими Хайём дар 5000 сол ба як шабонарӯз саҳв дошт, ҳол он ки носа­ҳеҳии тақвими Григорий (тақвими кунунии мо) дар 3000 сол як шабона­рӯзро ташкил медиҳад. Насируддини Тусӣ (1201–74) дар расадхонаи Мароға бо «Зиҷи Элхонӣ» ном асар дар Шар­қу Ғарб машҳур гашт. Тараққиёти астрономия дар Шарқи садаи XV бо фаъолияти [[расадхонаи Улуғбек]] (1394–1449) зич алоқа­манд аст. Асари асосии ахтаршиносони Самарқанд, ки бо номи «Зиҷи Курагонӣ» ё «Зиҷи Улуғ­бек» машҳур аст ва соли 1648 дар [[Оксфорд]] бо забони анг­лисӣ нашр гардид, аз баёни асосҳои назарии ахтарши­носӣ ва зиҷи 1018 ситора иборат мебошад. Дар тартиб додани зиҷи мазкур хидмати ахтаршиносони машҳур [[Ҷам­шеди Кошонӣ]], [[Қозизодаи Ру­мӣ]] ва [[Алоуддини Қушчӣ]] бузург аст.
Тарҷума ва нашр шудани асарҳои «Сувар-ул-кавокиб ассобита»-и Абдурраҳмони Суфӣ ва «Муқаддима»-и Абумаъшари Балхӣ (соли 1489) дар ахтаршиносии Аврупо таъсири амиқ гузоштанд. <br />
Асри 16 дар астрономия ва умуман дар илми табиатшиносӣ кашфиётҳои инқилобӣ ба вуҷуд овард. Ин кашфиётҳо бо номи олими лаҳистонӣ [[Николай Коперник]] (1473–1543) алоқаманд аст. Коперник соли 1543 дар асари худ «Дар бораи гардишҳои кураҳои осмонӣ» Манзумаи заминмарказии Батлимусро рад карда, Манзумаи Офтобмарказии оламро пеш гузошт, ки мувофиқи он Офтоб маркази манзумаи сайёрагон аст. И. Кеплер (1571–1630) дар асоси мушоҳидаҳои бисёрсолаи устоди худ [[Т. Браге]] (1546–1601) қонунҳои ҳаракати сайёраҳоро кашф кард. Солҳои 1609–10 олими итолиёӣ [[Галилео Галилей|Г. Галилей]] (1564–1642) ақидаи Коперникро бо далелҳои илмӣ тақвият дод. Кашфиёти ба воситаи [[телескоп]]и сохтаи худ бадастовардаи Галилей дарастрономия давраи нав – давраи астрономияи телескопиро оғоз кард. Пешрафти астрономияи телескопӣ астрономияи назариявиро низ пеш бурд, ки асоси онро кашфиётҳои [[И. Кеплер]] ва [[Исаак Нютон|И. Нютон]] (1643–1727) ташкил доданд. [[Нютон]] қонуни ҷозибаи умумиҷаҳониро кашф кард (1685) ва сабаби дар гирди Офтоб давр задани сайёраҳоро муқаррар намуд. [[Х. Ҳюйгенс]] (1629–95) соати раққосакдор ихтироъ ва бо ёрии телескоп ҳалқаҳои Зуҳалро мушоҳида карда, радифи равшантарини онро кашф намуд. Соли 1675 [[О. Рёмер]] аз рӯйи мушоҳидаи гирифти радифҳои [[Муштарӣ]] боинтиҳо будани суръати рӯшноиро дарк ва бузургии онро андозагирӣ кард. Инкишофи минбаъдаи астрономия бо таъсиси расадхонаи [[Париж]] (1665), [[Гринвич]] (1675), [[Холмогор]] (1692), [[Маскав]] (1701) алоқаманд аст. <br />
Дар нимаи якуми садаи XVIII кашфиёти барҷастаи ахтаршиносӣ рӯй дод. Ахтаршиноси англис [[Э. Галлей]] ҳара­ка­ти хусусии ситораҳо (1718) ва [[Ҷ. Брэдли]] аббератсияи рӯшноиро (1725–28) кашф карданд. [[Л. Эйлер]] назарияи ҳаракати Моҳро бунёд ниҳод (1753–72); [[И. Кант]] дар «Таърихи умумии табиат ва механикаи осмон» ном асари худ (1755) аввалин бор ғояи таҳаввули табиатро ба муҳокима гузошт; [[П. Лаплас]] ғояе пеш ниҳод (1796), ки мувофиқи он дар натиҷаи фишурдашавии меҳҳо (туманот)-и газии гардон ҳалқаҳо ба вуҷуд омада, аз онҳо сайёраҳо пайдо шудаанд. Фарзияҳои Кант ва Лаплас дар замони худ прогрессивӣ буданд. [[Михаил Василевич Ломоносов|М. В. Ломоносов]] ошкор кард, ки Зуҳра атмосфера дорад (1761). Ин ибтидои омӯзиши физикаи сайёра буд. [[В. Гершел]] сайёраи [[Уран]]ро кашф кард (1781) ва бо [[рефрактор]]и қутраш 122 см меҳҳо ва чаласи­то­раҳоро мушоҳида кард (1789). [[В. Я. Струве]] аввалин шуда инҳирофи манзар (параллакс)-и ситораҳоро муайян кард (1835–38) ва ошкор сохт, ки сели рӯшноӣ дар фазои байниси­торавӣ суст мешавад (1847). Зуҳури навбатии зузанаберо пешгӯӣ кардани Э. Галлей (1799, ҳоло [[кометаи Галлей]]), аз рӯйи ҳисоби пешакии ахтаршиноси фаронсавӣ [[У. Леверйе]] сайёраи Нептунро кашф кардани [[И. Г. Галле]] (1846), радифҳои нонамоёни ситораи Шабоҳанг ва Шиърои Шомӣ (Протсион)-ро дарёфтани [[Ф. Бессел]] бори дигар дурустии қонунҳои механикаи осмон, инчунин моддӣ ва донисташаванда будани оламро исбот кард. Нимаи аввалиа. 19 истифода шудани [[фотография]], [[фотометрия]] ва таҳлили тайфӣ дар астрономия пешомадҳои нав пайдо кард. Баъди он ки [[Г. Кирхҳоф]] ва [[Р. Бунзен]] таҳлили тайфиро ихтироъ карданд (1859), барои таҳқиқи табиати физикӣ ва таркиби кимиёии ситораҳо имкони васеъ фароҳам омад. Тайфшиносии ситораҳо аз таҳқиқоти олими итолиёӣ [[А. Секки]], олими англис [[У. Ҳеггинс]], олими рус [[А. А. Белополский]] оғоз ёфт. Нимаи дуюми садаи XIX ахтаршиноси рус [[Ф. А. Бредихин]] назарияи шаклҳои зузанабҳоро ба вуҷуд овард. Белополский дар шароити лабораторӣ усули [[Доплер]]ро (ниг. Падидаи Доплер) санҷид. Барои омӯхтани баъзе хусусиёти ситораҳо донистани масофаи то онҳо муҳим аст. Аммо бо усули тригонометрии параллакс танҳо масофаи то 100 парсекро андозагирӣ кардан имконпазир аст. Ибтидои садаи XX ситораҳо тасниф карда шуданд (масалан, резаситора, ситораҳои азим, фавқулазим ва ғайра) ва вобастагии байни равшаноиву ҳарорати онҳо муайян гардид. Ин имкон дод, ки масофаи ситораҳои дуртарин бо усули фотометрӣ муайян карда шавад. Олими шӯравӣ [[А. А. Фридман]] падидаи лағзиши сурхи галактикаҳои дурро пешгӯӣ кард (1922) ва олими амрикоӣ [[Э. Ҳаббл]] дурустии онро тасдиқ намуд (1929). Астрофизики шӯра­вӣ [[В. А. Амбарсумян]] назарияи таҷамуъ [[Ассотсиатсияҳои ситорагӣ|(ассотсиатсия)-и ситорагиро]] ба вуҷуд овард. Солҳои 30 садаи XX соҳаи нави астрономия – радиоастрономия шакл гирифт. Солҳои 60 садаи XX квазарҳо ва пулсарҳо кашф карда шуданд. Дар таҳқиқи фазои Кайҳон истифода шудани дастгоҳҳои парвоз имкон медиҳад, ки ояндаи наздик расадхонаҳои ахтаршиносӣ дур аз Замин (масалан, дар рӯйи Моҳ) сохта шаванд. <br />
Санҷиши вақт, муайян кардани мавқеи мушоҳид дар кураи Замин ва масъалаҳои дигари амалӣ то ҳол дар астрономия муҳимманд. Дар замони мо А. инчунин масъалаҳои навро меомӯзад. Масалан, ҳисоби роҳи ҳаракати киштиҳои кайҳо­нӣ ва радифҳои маснӯи Замин.