Ахтаршиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 3:
 
== Таърих ==
Астрономия илми қадимӣ буда, дар заминаи ҳаёти моддии одамон ба вуҷуд омадааст. Бодиянишинони қадим ба вазъи ситораҳо нигоҳ карда, чорворо ба чарогоҳҳои нав меронданд. Корҳои деҳқонӣ низ пешакӣ донистани вазъ ва имтидоди фаслҳои солро талаб мекард. Дар [[Миср]] пеш аз оғози киштукор дарёи Нил туғён мекард. Коҳинон пай мебурданд, ки дарёи Нил маъмулан баъди 2–3 рӯзи тулӯи ситораи Шабоҳанг ([[Корвонкуш]], [[Сириус]]) ба туғён меояд. Зуҳури ситораи Шабоҳанг мисриёнро аз оғози кишту кор хабар медод. Эҳтиёҷи ҳисоби мавсими туғёни дарёи Нил астрономияи Мисрро ба вуҷуд овард. Пайдоиши тақвим яке аз муваф­фақият­ҳои барҷастаи астрономия аст. Дарёнавардон ба донистани самт­ҳои олам ва вақти дақиқ эҳтиёҷ пайдо карданд. Ба ҳамин тариқ астрономия дар гузаштаи хеле дур, дар оғози тамаддуни ба­шарӣ ба туфайли талаботи амалӣ (пешгӯии падидаҳои табиӣ дар фаслҳои гуногуни сол, баҳрнавар­дӣ, солшуморӣ, тартиб додани тақвим ва ғайра) ба вуҷуд омад. Дар ин хусус бозёфтҳои таърихӣ (дар [[Байнаннаҳрайн]], Миср, [[Ҳиндустон]], [[Чин]], [[Амрикои Ҷанубӣ]], [[Мексика]], [[Аврупо]]) шаҳодат медиҳанд. Бо мурури замон аҳаммияти амалии астрономия боз ҳам афзуд ва ба тараққиёти илмҳои табиатшиносӣ беасар намонд. <br />Астрономияи қадимро асосан мушоҳидаҳои осмони ситоразор ташкил медоданд. Мисриён ва бобилиён дар садаи VI то милод ҳам гирифти (хусуфу кусуфи) Офтобу [[Моҳ]] ва давра ба давра такрор ёфтани онро пешакӣ муайян мекарданд. Гирифтеро, ки тақрибан дар 18 солу 10 шабонарӯз такрор мешавад, «сарос» номида буданд. Дар Юнони Қадим астрономия ком­ёбии зиёд ба даст овард. [[Фисоғурис]] (Пифагор садаи VI то милод) шакли кура доштани [[Замин]]ро тарғиб мекард, ки ин ақидаро зери таъсири таълимоти Авесто ва ахтаршиносони бобилӣ бардошта буд. Дар [[Авесто]] осмон ба 5 ноҳия ҷудо карда шудааст: шимолӣ, ҷанубӣ, шарқӣ, ғарбӣ ва марказӣ. Дар «Бундаҳишн» 486000 ситораи собит сабт шудааст, ки дар ҳар манзили Моҳ 17 357 ситора ҷойгир буд. [[Ҳипархус]] (Гиппарх, садаи II то милод) зиҷе тартиб дод, ки вазъи 1025 ситораи осмонро муайян мекард. Вай масофаи байни Замину Моҳро муайян намуд ва мафҳуми арзу тӯли ҷуғрофиёиро ба илм дохил кард. [[Батлимус]] (Птолемей, асри 2) дастовардҳои он замонро дар «Алмаҷастӣ» ҷамъбаст кард ва назарияи Манзумаи заминмарказии олам­ро ба миён овард. Аз рӯи таълимоти Батлимус Замин маркази олам дониста мешуд. Батлимус барои баёни ҳа­ракати ҳалқамасири сайёраҳо даврҳои иловагӣ (эписиклҳо)-ро ба кор бурд, ки марказҳои онҳо аз рӯи давр­ҳои асосӣ (деферент) муназзамона ҳаракат мекарданд. Агарчи Манзумаи заминмарказии Батлимус дуруст набуд, бо вуҷуди ин имкон дод, ки мавқеи сайёраҳо муайян карда шавад. Астрономия дар давоми якуним ҳазор сол ба таъли­моти Батлимус такя кард ва бо бунёд шудани Манзумаи оф­тобмарказии олам ба давраи нави пешрафт расид. Дар замони Сосониён, дар дарбори Хусрави Парвиз 360 мунаҷҷими варзида фаъолияти нуҷумӣ анҷом медоданд. <br />
Вақте ки дар Аврупои асримиёнагӣ илмҳои табиатшиносӣ рӯ ба таназзул оварданд, астрономия дар мамлакатҳои Шарқ ривоҷ ёфт. Соли 827 бо амри халифаи аббосӣ Маъмун (786–833) «Алмаҷастӣ» аз юнонӣ ба арабӣ тарҷума карда шуд. Дар Бағдоду Раққа расадхонаҳо сохта шуданд. Нахустин зиҷро дар Шарқ [[Муҳаммади Хоразмӣ]] тартиб дод. Охирҳои садаи IX ва аввали садаи X (тақрибан 850–929) ӯ ҷадвали саҳеҳтари ҳаракати Офтоб ва Моҳро тартиб дод, қимати тамоюли доиратулбуруҷ (эклиптика) ва ҳаракати тақдимӣ (прет­сес­сия)-и солонаро саҳеҳтар муайян кард. Абулвафои Бузҷонӣ (940–98) дар расадхонаи [[Бағдод]] яке аз номуназзамиҳои ҳаракати Моҳро ошкор сохт. Ӯ низ бузургии тамоюли доиратулбуруҷро ҳисоб кард (23035″), ки аз натиҷаҳои имрӯза ҳамагӣ 35″ фарқ дорад. Ахтаршиноси машҳури тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ (ваф. тақрибан 1000) дар расадхонаи шаҳри Рай нахустин бор тағйирёбанда будани қиматҳои тӯли авҷ (апогей)-и [[Офтоб]] ва тамоюли доиратулбуруҷро муайян кард, ҳалли ҷолиби қазияи синусҳоро барои секунҷаҳои куравӣ муайян намуд. Секстанти ӯ, ки дар таърих бо номи «Судси Фахрӣ» машҳур аст, дар расадхонаҳои Шарқ асбоби асосии ахтаршиносӣ ба шумор мерафт. <br />
Дар пешбурди астрономия хидмати [[Абурайҳони Берунӣ]] (973–1048) бисёр бузург аст. Ӯ бештар аз 40 асари ахтар­ши­носӣ эҷод кардааст: «Қонуни Масъудӣ», «Китоб-ут-таҳдиди ниҳоят-ил-амокин ли тасҳиҳи масофат-ил-масокин» («Геодезия»), «Китоб фӣ-таҳқиқи моли-л-Ҳинд» («Ҳиндустон»), «Осор-ул-боқия» ва ғайра Берунӣ радиуси Заминро хеле саҳеҳ ҳисоб кард ва чанд асбоби нави ахтаршиносӣ сохт, ҳаракати зоҳирии ҷирмҳои осмониро бо хубӣ омӯхт. <br />