Зуҳр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
гурӯҳбандӣ
No edit summary
Сатри 3:
Зуҳр замоне фаро мерасад, ки Офтоб нимае аз сайри рӯзонаи худро аз тулуъ то ғуруб тай карда бошад. Вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофиёӣ дар бархе минтақаҳо соя маҳв гашта, Офтоб аз баландтарин нуқтаи худ дар осмон (байни осмон) ба сӯи мағриб мойил мешавад. Субҳ ҳангоми баромадани Офтоб, сояи он ба тарафи мағриб меафтад ва баробари болотар рафтанаш ин соя камтар мешавад. Ҳангоме ки сояи ҳар чиз ба охирин дараҷаи косташавӣ расид, вақти Зуҳр оғоз мегардад ва чун соя рӯ ба машриқ ниҳод, замони Зуҳр аст.
 
== Нигаред низ ==
Намози Зуҳр аз 10 ракъат иборат буда, 4 ракъати аввал суннат, 4 ракъати баъдӣ фарз ва 2 ракъати охири он низ суннат мебошанд. Тибқи мазҳаби ҳанафӣ, суннатҳои Зуҳр тобеи фарзи он буда, ҳамроҳ бо он хонда мешаванд. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофиёӣ Зуҳр дар ҳар фасли сол дар вақтҳои мухталиф гузорида мешавад. Рӯзҳои ҷумъа бо адои намози ҷумъа намози Зуҳр аз зиммаи намозгузор соқит мешавад. Зуҳр аз ҷумлаи намозҳоест, ки фарзи он дар мусофират каср (кӯтоҳ), яъне ба ҷои 4 ракъат 2 ракъат хонда мешавад. Дар мавсими Ҳаҷ дар Арафот Зуҳр-ро бо намози аср якҷоя («Ҷамъу-с-салотайн») бо як азон ва ду иқомат мехонанд.
 
* [[Намози зуҳр]]
Дар Тоҷикистон вақти намози Зуҳр дар тӯли сол соати 13:00 муқаррар шудааст.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 11:
== Адабиёт ==
* Зуҳр / С. Наимӣ // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷ. 7 — Д., 2018 : СИЭМТ, 2011—2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ; 2011—2017).
* А. Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. Д., 2017;
* الموسوعة الفقهیه الجزء ٢٧. الکویت، ١٩٩٢
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Зуҳр"