Парвиз Бобомуродов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Олим |ном = Парвиз Бобомуродов |номи аслӣ = Бобомуродов Парвиз Уктамович |тасвир = |бар = |тавсифи тасвир = |санаи таваллуд = 2.11.1992 |зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Панҷакент|шаҳри Панҷакент}}, вилояти Суғд, Тоҷикистон |шаҳрван...
(бе тафовут)

Нусха 08:16, 19 Январ 2022

Парвиз Бобомуродов (Бобомуродов Парвиз Уктамович; зод. 2 ноябри 1992, Панҷакент, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — иқтисоддон, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисод (2021), дотсент.

Парвиз Бобомуродов
Бобомуродов Парвиз Уктамович
Зодгоҳ Панҷакент, вилояти Суғд, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015)

Зиндагинома

Хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и ш. Панҷакент (соли 2010) ва факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2015). Соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-029 назди Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ташаккулёбӣ ва рушди зерсистемаҳои инноватсионии минтақавӣ (дар маводи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)» аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 — Иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ (идоракунии инноватсияҳо) рисолаи номзадиашро дифоъ карда, дараҷаи номзади илмҳои иқтисодро ба даст овардааст.

Фаъолияти корӣ

Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти педагогии худро аз сентябри соли 2015 оғоз карда, солҳои 2015—2016 муаллими кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисодиёти Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, солҳои 2016—2018 ассистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, солҳои 2018—2021 ассистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз сентябри соли 2021 дотсенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

Муаллифи зиёда аз 30 таълифоти илмӣ, таълимию методӣ аз ҷумла 1 монографияи илмӣ, 1 китоби дарсӣ барои макотибҳои олӣ (дар ҳаммуаллифӣ), 1 васоити таълимӣ (дар ҳаммуаллифӣ), мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-публитсистӣ.

Осор

  • Формирование и развитие региональных инновационных подсистем (на материалах Хатлонской области Республики Таджикистан) (Монография). Душанбе, 2021. — 130 с.
  • Технологияи информатсионӣ: Васоити таълимӣ. — Душанбе. 2019. — 212 с.

Эзоҳ