Абдурраҳмони Ҷомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши VASHGIRD (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки InternetArchiveBot анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
х ислоҳи имло using AWB
Сатри 7:
|номи пурра = Нуриддин Абдураҳмон ибни Аҳмад
|тахаллусҳо = Мавлоно Ҷомӣ
|таърихи таваллуд = 18.08.1414
|зодгоҳ = вилояти Ҷом, наздикии шаҳри [[Нишопур]]
|таърихи даргузашт = 19.11.1492
Сатри 37:
Мавлоно Муҳаммади Чочармӣ шогирдонро ба муҳлати 40 рӯз бо сабаби «касалӣ» ва ба «табобат» машғул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад. Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40 рӯз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Чочармӣ ҳам дар ин муддат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард.
Ӯ аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад. Ниҳоят рӯзи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари беморӣ» хестааст ва имрӯз дарс мегӯяд. Онҳо ба дарс ҳозир шуданд. Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт:
"Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гӯям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо ҳеҷҳеч кас қудрати дарс додан надорад. Ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам". Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд.
 
Баъд аз ин ҳодиса Абдураҳмони Ҷомӣ дар синни 23-солагиаш ба [[Самарқанд]] меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди [[Қозизодаи Румӣ]] аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корҳои илмии Қозизода ёрӣ мерасонд. Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханҳояш муъҷаз ва бомаънӣ буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гӯш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад.
Сатри 74:
::Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
 
Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъкид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу камолот бошад, ҳеҷҳеч гоҳ гадо нест, ӯ шоҳ аст:
 
::Гар надорад Симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Сатри 100:
«Фармуд, ки суҳбат азизаст… ва гуфт, ки дар ин маънӣ ҳазрати Худовандам Шамсиддин Табрезӣ фармуданд, ки аломати муриди қабулёфта он аст, ки аслан бо мардуми бегона суҳбат надорад ва агар ногоҳ дар суҳбате бегона афтад, чунон биншинад, ки мунофиқ дар масҷид ва кӯдак дар мактаб ва асир дар зиндон…»
Ҷомӣ дар ин ҷо ситоиши ахлоқи ҳамидаву накӯҳиши ахлоқи разиларо овардааст, зеро худи ӯ орифи баркамол аст
Дар «Роҷеъ ба Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ» оварда шудааст, ки «…вай лисонулғайб ва тарҷумонуласрор аст. Басо асрори ғайбия ва маънои ҳақиқа, ки дар кисвати сурат ва либоси маҷоз намуда, ҳарчанд маълум нест, ки вай дасти иродати шере гирифт ва дар тасаввуф ба яке аз ин тоифа нисбат дуруст карда, аммо суханони вай бар машраби ин тоифа воқеъ шудааст, ки ҳеҷҳеч касро ин иттифоқ наяфтода. Яке аз азизони силсилаи хоҷагон фармудааст, ки ҳеҷҳеч девон беҳ аз девони [[Ҳофизи Шерозӣ|Ҳофиз]] нест, агар марди суфӣ бошад ва чун ашъори вай аз он машҳуртар аст, ки ба эрод эҳтиёҷ дошта бошад, лоҷарам инони ҳилм аз он масруф мегардад».
Мавлоно Ҷомӣ, ки дар ирфон ва дар шарҳи маорифи суфия шуҳрату овозаи бисёр дошт, суфиёну фақеҳони [[Ҳирот]] ба вай ҳурмати беандоза доштанд..<ref>{{Cite web |url=http://www.omuzgor-news.tj/?p=5642 |title=Орифи замон/«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ |accessdate=2014-12-28 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20160305003514/http://www.omuzgor-news.tj/?p=5642 |archivedate=2016-03-05 }}</ref>