Рӯзнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Undid edits by 2405:4800:529F:3B2:80A3:473A:F4D2:EC1C (talk) to last version by VASHGIRD
х →‎top: ислоҳи имло using AWB
Сатри 1:
[[Акс:NYTimes-Page1-11-11-1918.jpg|thumbnail|Саҳифаи аввали [[Ню Йорк Таймз]]]]
 
'''Рӯзнома''' ({{lang-fa|روزنامه}}), '''газета''', — [[нашрия]]е аст, ки ба таври мураттаб ва муназзам таҳия, чоп ва пахш мешавад ва бе ҳеҷҳеч қайду шарте дар дастраси мардум қарор мегирад. Рӯзнома на баёния аст ва на иттилоъия ва барои равшан сохтани афкори мардум, балки ба нашри ахбору иттилоот дар заминаҳои гуногун ва интиқоду салоҳандешӣ дар умурӣ умумӣ мепардозад.
 
Рӯзнома ҳар рӯз, ҳафтае як ё якчанд шумора, ё моҳе ду бор чоп шуда, аз воқеаву рӯйдодҳои ҳаёти ҳамарӯза ахбори фаврӣ ва матолиби таҳлилӣ пешкаш менамояд. Рӯзнома аз дигар нашрияҳои чопӣ бо ҳаҷму андозаву ороиши худ фарқ мекунад. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ, кооперативҳо, ширкату сохторҳои тиҷоратӣ ва ё шаҳрвандони алоҳида метавонанд муассиси рӯзнома шаванд. Аммо ҷамъоварии маводди нашрӣ, таҳия ва ба чоп тайёр кардани матолиби фарогири рӯзнома ба дӯши шахсони эҷодкор вогузор аст, ки дар идора (редаксия)-и нашрия дар вазифаҳои мухбир, муҳаррир, гузоришгар, шореҳ, суратгир, рассом, ороишгар (дизайнер), мусаҳҳеҳ таҳти роҳбарии сармуҳаррир (муҳаррир) фаъолият мекунанд. Бо тақозои иқтисоди бозаргонӣ ва гароиши матбуоти даврӣ ба майлони тиҷоратӣ, дар рӯзнома ҳоло вазифаи намоянда (агент)-и реклама ва мудири тиҷоратӣ ба як пешаи нави замонавӣ табдил ёфтааст. Зеро ҳоло муштариёни охирин навгониҳои рӯз дар баробари ахбори сиёсию иқтисодию иҷтимоӣ, ба дастрасии маълумот доир ба барномаҳои телевизион, вазъи ҳаво, бозори асъору коғазҳои қиматнок, хариду фурӯши молу маҳсулот, хидматрасониҳо низ ниёзи бештар дошта, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд.