Таровеҳ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи имло using AWB
Сатри 17:
Мардум дигар намози таровеҳро ё дар хонаҳояшон ва ё ба таври танҳогузор ва низ дар ҷамоатҳои пароканда дар гӯшаҳои масҷид мехонданд. Ин ҳолат дар замони хилофати ҳазрати Абӯбакр (р) ва ибтидои хилофати ҳазрати Умар (р) низ идома ёфт. Пас аз он ҳазрати Умар (р) мардумеро, ки дар гӯшаҳои масҷид танҳо-танҳо ва ё дар ҷамоатҳои пароканда намози таровеҳ мегузоштанд, ба як имом ҷамъ сохт. Аз он таърих ба баъд намози таровеҳ ва ҳамчунин намози витр дар моҳи Рамазон бо ҷамоат барпо дошта мешаванд.
 
Аз он рӯзе, ки Умар (р) мардумро дар намози таровеҳ ба як имом ҷамъ намуд, дигар ба ҳамон ҳолат боқӣ монда ва хулафои баъдӣ – Усмон (р) ва Алӣ (р) ва мусалмонон ба он идома додаанд. Бинобар ин, намози таровеҳ дар моҳи Рамазон суннати муаккада мебошад. Аз Абӯюсуф (рҳ) ривоят шуда, ки Абӯҳанифаро дар бораи намози таровеҳ ва ончи Умар (р) анҷом дода буд, пурсидам. Гуфт: Таровеҳ суннати муаккада аст, онро Умар (р) ба таври тахминӣ ва аз пеши худаш набаровардааст, ба он амр накарда, магар аз рӯи асле, ки дар наздаш буда ва бо аҳде аз расули Худо (с). Умар (р) дар ҳоле мардумро бар Убай ибни Каъб гирд овард ва ӯ онро бо ҷамоат гузорид, ки саҳобагон аз муҳоҷирон ва ансор бисёр буданд ва ҳеҷҳеч касе аз онҳо бар вай эътироз накард, балки баръакс, бо вай мувофиқа ва ӯро дар ин кор мусоидат намуданд<ref>Фатҳу-л-қадир. Ҷ. 1. С. 486; ал-Мавсӯату-л-фиқҳияту-л-кувайтия. Ҷ. 27. С. 138.</ref>.
Таровеҳ ҷамъи тарвеҳа ба маънои андаке дам гирифтан дар миёни ҳар чаҳор ракъати намоз мебошад. Дар садри Ислом намози таровеҳро мардум бо оҳистагӣ, тааммул дар оятҳо ва бо хушӯъи комил ба ҷой меоварданд ва пас аз ҳар чаҳор ракъати он андаке дам мегирифтанд. Имрӯзҳо низ намози таровеҳ суратан бо ҳамон меъёр ба ҷо оварда мешавад, вале ягона чизе, ки камтар ба он таваҷҷуҳ мегардад, ҳамон оҳистагии зарурӣ, ҳолати тааннӣ ва хушӯъи дар намоз мебошад, ки рӯҳи намозро ташкил медиҳанд.
Сатри 30:
Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: '''''«Расули Худо (с) на дар моҳи Рамазон ва на дар ғайри он аз ёздаҳ ракъат зиёд намегузорид. Аввал чор ракъат мегузорид, ки аз ҳусну зебоӣ ва дарозии онҳо напурс, боз чор ракъати дигар мегузорид, ки аз ҳусну зебоӣ ва дарозии онҳо напурс. Сипас се ракъат мегузорид…»'''''<ref>Саҳеҳи Бухорӣ, 1147, 2013, 3569.</ref>. Манзур аз ёздаҳ ракъат ҳашт ракъат намози қиёми шаб ва се ракъат витр мебошад.
 
Аммо бузургони мазҳаби ҳанафӣ ва аксари аҳли илм ин ҳадисро ба қиёми шаби ҳамешагии он Ҳазрат (с), ҳам дар моҳи Рамазон ва ҳам дар ғайри он, марбут донистаанд, вале бо истинод ба аҳодиси қавлии воридшуда дар бораи қиёми шаб ва амалкарди саҳобаи киром дар моҳи Рамазон ҳаср ва маҳдудияте дар адади ракъатҳои қиёми моҳи Рамазон ва он намозе, ки бо номи таровеҳ шинохта мешавад, ба он сурате ки дар ҳадиси боло зикр шудааст, надидаанд. Зеро агар аз ин ҳадис ҳасри ракъатҳои қиёми моҳи Рамазон ва намози таровеҳ низ бардошт мешуд ва адади ракъатҳои он бо феъли он Ҳазрат (с), ҳамон гуна ки дар ҳадиси фавқ омадааст, собит мешуд, ҳеҷҳеч гоҳ саҳобагони киром бар хилофи он амал ва иттифоқ намекарданд.
 
Илова бар ин, ин кори онҳо дар замоне сурат гирифта буд, ки Оиша (р) дар қайди ҳаёт буд ва ба он мухолифате нишон надод. Пас маълум мешавад, ки манзури ҷумҳури саҳобагон аз ҳадиси Оиша (р) ҳамон намози ҳамешагии шаб аст, на ҳасри адади ракъатҳои намози қиёми моҳи Рамазон ва намози таровеҳ.
Сатри 55:
Соҳиби Фатҳ – Ибни Ҳумом бар хилофи дигар машоихи мазҳаб дар қиёми моҳи Рамазон ҳашт ракъати онро ҳамроҳи се ракъати витр бо ҷамоат суннат ва тамоми бист ракъатро мустаҳаб медонад<ref>Фатҳулқадир. Ҷ. 1. – С. 486; ал-Мавсӯату-л-фиқҳияту-л-кувайтия. Ҷ. 27. – С. 142-143.</ref>.
 
Пас набояд бо номи пойбандӣ ба суннати расули акрам (с) ба ин суннати роиҷи исломӣ – бист ракъат будани намози таровеҳ, ки асли он аз сираи амалии расули Худо (с) сарчашма гирифта ва аз аҳди хулафои рошид дар миёни уммат маъмул аст, мухолифат намуд ва онро бо ривоятҳои саҳеҳи исломӣ мухолиф донист, ҳарчанд дар мазҳаби аҳли ҳадис ва бузургоне чун имом Бухорӣ (рҳ) ҳашт ракъат ва дар мазҳаби имом Молик (рҳ) бештар аз бист ракъат гузоридани намози таровеҳ ҷоиз аст. Ин кор – мухолифат бо бист ракъат будани намози таровеҳ ба таври дигаре ба муғолатаҳои Ҳиллӣ – донишманди шиа монанд аст, он ҷо ки дар китоби «Минҳоҷулкарома» дар ин бора мегӯяд: ''«Ӯ (Умар) бидъати намози таровеҳро эҷод намуд, дар ҳоле ки Паёмбар (с) фармуда: Эй мардум, гузоридани намози нофила дар шабҳои моҳи Рамазон бидъат аст. Огоҳ бошед ва дар ҳеҷҳеч шабе аз шабҳои моҳи Рамазон иҷтимоъ накунед ва намози чошт (ҳам) нахонед!»''<ref>Абдулазизи Нӯъмонӣ, Таҳқиқе перомуни намози таровеҳ. – С. 16.</ref>.
 
== Хатми Қуръон дар намози таровеҳ ==