203 942
edits
No edit summary Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ |
|||
'''Ақаллияти миллӣ, ақаллияти этникӣ ('''{{Lang-en|Ethnic minority}}''')''' — шакли умумияти миллию этникӣ, ки дар ҳолати ҷудо гаштани қисм ё гурӯҳе бар асари тағйири сарҳад, муҳоҷирати ихтиёрӣ ё муҳоҷирати маҷбурӣ ба амал омадааст. Ақаллияти миллӣ аз воҳиди давлатию миллӣ бенасибанд, онҳоро бо мафҳуми «халқҳои хурд» набояд ҳаммаъно донист, зеро онҳо қисми халқҳое мебошанд, ки воқеан дар ҳудуди мамлакати дигар зиндагӣ дошта, соҳиби шакли давлатдории миллии хеш мебошанд. Аҳолии таҳҷоии камшумори мамлакатҳои гуногун (масалан ҳиндуҳои [[Америка]]) ҳам ақаллияти миллӣ ба шумор намераванд, чунки дар ҳудуди этникии худ зиндагӣ намуда, воҳиди маъмурию сиёсӣ ва миллии дигар надоранд, одатан ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳо эътироф гардидаанд, ба сифати умумияти давлатофарин дар доираи муносибатҳои минтақавӣ ё сатҳи локалӣ пазируфта шудаанд. Шумора аломати фарқкунандаи ақаллияти миллӣ нест, як қисм аз миллион нафар зиёдаанд, гурӯҳе аз чанд ҳазор беш нестанд. Дар шароити давлати мутамаддин ақаллияти миллӣ барои ҳимояи манфиатҳои худ иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъсис дода, мекӯшанд ба раванди сиёсӣ таъсир расонанд, ҳарчанд ин иттиҳодияҳо аксаран ҷанбаи фарҳангӣ доранд. Дар баъзе мавридҳо онҳо аз доираи ваколатҳои худ берун баромада, ба масоили сиёсию ҷамъиятӣ даст мезананд, намояндагони худро ба мақомоти давлатию қонунбарор сафарбар намуда, ба воситаи онҳо барои ҳалли масъалаҳо талош меварзанд. Намояндагони ақаллияти миллӣ ҳамчун шаҳрванд ҳақ доранд дар шакли инфиродӣ ва ҳам дастаҷамъӣ бевосита ва пайваста дар равандҳои ҳокимиятӣ ва шаклҳои дигари корҳои давлатӣ иштирок намоянд, аммо мансубият ба ақаллияти миллӣ
== Акалияти милли чист ==
|