Қоҳир Расулзода: Тафовут байни таҳрирҳо

сарвазири Тоҷикистон
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Қоҳир Расулзода''' - 7 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Тоҷик. Маъ…
(бе тафовут)

Нусха 06:35, 10 апрели 2009

Қоҳир Расулзода - 7 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Тоҷик. Маълумот - олӣ. Соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) бо ихтисоси «муҳандис-гидротехник» хатм намудааст. Айни ҳол шунавандаи Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия аст.

Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник–санҷишгари санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси ш=ъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст.

Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.


Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъин шудааст. Аз 27 феврали соли 2007 – Раиси вилояти Суғд.

Пайвандҳои беруна