Боғи Лучоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
Farorud (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1:
'''Боғи Лучоб''' — дар қисми шимолии шаҳри [[Душанбе]], дар ноҳияи Абуалии Сино, дар соҳили рости д. Варзоб, рӯ ба рӯйи [[Боғи Хайём]], дар тепаи [[Лучоб (деҳа, н. Варзоб)|Лучоб]] (баландии 60 м аз сатҳи рӯд) байни соҳили дарёҳои [[Дарёи Варзоб|Варзоб (Душанбе)]] ва [[Лучоб (дарё)|Лучоб]] воқеъ аст.
== Тавсиф ==
'''Боғи Лучоб''' (ё '''тепаи Лучоб''') байни соҳили дарёҳои [[Дарёи Варзоб|Варзоб (Душанбе)]] ва Лучоб воқеъ аст. Дар қисми шимолии он маҳаллаи Лучоб, бинои [[Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон]] ва дар ҷануби боғ оромгоҳи намояндагони илму фарҳанг воқеъ аст. Соли [[1980]] дар қисми ҷанубии боғ [[мақбара]]и [[Шоири халқии Тоҷикистон]] [[Мирзо Турсунзода]] (архитектор Б. Зуҳурдинов, ҳайкалтарош Д. Рябичев) бунёд шудааст. То мақбараи Мирзо Турcунзода зинапояе сохта шудааст, ки аз ду тарафаш гулбоғи зебо дорад. Дар майдони [[боғ]] дарахту буттаҳои гуногун ҷамъ оварда шудаанд. Боғ яке аз ҷойҳои истироҳати сокинони шаҳр ва экскурсияҳои мактаббачагон мебошад. Дар қисми шарқии боғи Лучоб соли 2012 боғи дигари шаҳри Душанбе - [[Боғи "Пойтахт"]] бунёд шудааст.