Асоси иншоот: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Newcomer task
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Newcomer task
Сатри 3:
 
[[File:Concrete pouring.jpg|alt=Таҳдоби бино|thumb|Таҳдоби бино]]
'''Асоси иншоот'''. Таҳдоб, табақоти ҷинсҳои куҳӣ, ки бевосита бори иморатро мебардоранд; таги таҳкурсии бино ва иншоот. Вобаста ба пайдоиш ҷинсҳои куҳии магмавӣ (гудохтаи зеризаминӣ), таҳшин ва метаморфи (дигаршуда) мешаванд. Ҷинсҳои магмавӣ сохти булӯрӣ (кристаллӣ) доранд ва ба гурӯҳи заминҳои сангӣ (сахра) нисбат дода мешаванд. Ҷинсҳои таҳшин метавонанд сангӣ ё ғайрисангӣ шаванд. Ҷинсҳои метаморфӣ ба гурӯҳи заминҳои сангӣ дохил мешаванд. Хокҳои таҳшин вобаста ба пайдоишашон ба заминҳои қитъавӣ ва таҳшинҳои баҳрӣ тасниф мешаванд. [[Хок]]<nowiki/>ҳо (заминҳо) – ҷинсҳои куҳие, ки объекти фаъолияти муҳандисию сохтмонии инсон мебошанд ва ба сифати асос (заминаи бино ва иншоот), муҳит ё маводди биносозӣ истифода бурда мешаванд. Хосиятҳои ба биносозӣ дахлдори хокҳоро омезиши маъданӣ ва гранулометрӣ, сохт, таркиб ва ҳолати хок дар ҷойгиршавии табиии онҳо муайян
мекунад.