Юсуфҷон Аҳмадзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
х →‎Эҷодиёт: ислоҳи имло using AWB
Сатри 32:
Дар тӯли чилу ҳафт соли заҳмат аз дараҷаи мусаҳҳеҳӣ то мақоми муҳаррири хурду муҳаррири калон, мудири шуъба ва ҷонишини раиси нашриёти «Адиб» камол ёфтааст. Ҳоло муовини раиси нашриёти «Адабиёти бачагон» аст. Ҳамчун [[шоир]] ва [[нависанда]]и кӯдакону калонсолон шинохта шуда, [[суруд]]у [[тарона]]ҳо ва [[ғазал]]у [[рубоӣ]] мегӯяд.
== Эҷодиёт==
Нахустин маҷмӯаи [[ашъор]]аш «Туҳфаҳо» соли 1978 чоп шудааст. Минбаъда [[шеър]]у [[достон]] ва [[қисса]]ву [[афсона]]ҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?!» (1981), «Хурсандӣ» (1982), «Ҳулбӯ» (1987 «Садсола шав-е, дурроҷ!» (1989), «Панҷоҳ барг» (1996), «Марзи баланд» (1997), «Оинаи дидор» (1999), «Мӯрчае дона ёфт…» (2003), «Абри сафед» (2003), «Хумори ишқ» (2004), «Наҷвои хӯшаҳо» (2007), «Дар хаймаи Хайём» (2011), «Хурӯсаки тоҷбасар», «Офтоби сарам», «Ситорачаҳои барфӣ» (2013) мунташир гардидаанд. Соли 2001 қисми якуми [[роман]]и таърихии ӯ «Ҳафт рӯъё», соли 2010 романи «Ишқи духтари кулаҳпӯш»-аш ба нашр расидааст. Баробари таълифи асарҳои манзуму мансур, дар тарҷумаи осори адибони маъруфи ҷаҳон – Бародарон Гримм, И.Бунин, Ҳ.К.Андерсен, В.Ҳауфф, К.Чуковский, С.Маршак, П.МӯъминМуъмин, А.Барто, В.Бубнис, А.Валтон, Л.Тудев ва дигарон саҳм гирифтааст.
 
== Мукофот==